МуҳоҷиронҶанг дар Украина

АВВАЛИН ҲАВОПАЙМО БО 186 ТОҶИКИ УКРАИНА АЗ ВАРШАВА БА ДУШАНБЕ ПАРВОЗ КАРД

Сафорати Тоҷикистон дар Берлин иттилоъ дод, ки  шаби 10 март, соати 20, нахустин ҳавопаймои чартерӣ бо 186 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Украина ба Полша паноҳ оварда буданд, аз Варшава ба самти Душанбе парвоз кард. Қарор аст, субҳи 11 март ҳавопаймои дуюм бо муҳоҷирони тоҷик аз Варшава ба Душанбе парвоз кунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Украина қаблан хабар дода буд, ки тақрибани 1300 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина ба Полша паноҳ бурдаанд. Аммо як бахши онҳо худашон мустақилона алакай ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар иттилоияе дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт, тибқи мувофиқаҳои қаблии бо ҷониби лаҳистонӣ бадастомада, 10 марти соли 2022, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои ширкати лаҳистонии “Enter Air” ҳомили 186 мусофирон (асосан кӯдакон ва занон) бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Лаҳистон аз Варшава ба самти Душанбе парвоз мекунад.

Расмиёти қабулу гусели парвозкунандагон дар фурудгоҳи байналмилалии Варшава ба номи Фредерик Шопен (Warsaw Frederic Chopin Airport) дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи лаҳистонӣ мутобиқи рӯйхати тартибдодаи намояндагии дипломатӣ анҷом дода шуд.

Ҳамчунин, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият набуданд, ба онҳо аз ҷониби кормандони сафорат дар фурудгоҳ шаҳодатномаҳои бозгашт ба Ватан судур гардид.

Дар хабар гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Варшава аз тарафи дипломатҳои тоҷикистонӣ роҳнамоӣ шуданд.

Парвози навбатӣ ҷиҳати бозпасгардонии боқимонда шаҳрвандон аз Варшава ба Душанбе субҳи 11 марти соли 2022 дар назар  дошта шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button