ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

25 МИЛЛИОН ДОЛЛАР, 11 МОШИН ВА ЧАНДИН ҚАСРУ КӮШК: РӮЙХАТТИ ДОРОИҲОИ ВАЗИРИ АМНИЯТИ ҚАЗОҚИСТОН (23 АКС)

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар сомонаи расмиаш 23 акси пулу мошинҳо ва дигар молҳои қиматбаҳо ва қасру кӯшкҳои дар ҷараёни тафтиши парвандаи раҳбари собиқи ин кумита ва сарвазири собиқ Карим Масимов мусодирашударо нашр кард.

Масимов,  яке аз ёрони наздики президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ҳамроҳи ду муовинаш моҳи январ дар рӯзҳои эътирозҳои хунин дастгир шуд. Онҳоро ба хиёнат ба давлат, тайёрӣ ба ғасби базӯрии ҳукумат ва сӯиистифода аз мансаб айбдор мекунанд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки дар рафти тафтиши парванда ҳолатҳои фаровони дар коррупсия даст доштан ва рӯирост ба маблағҳои бузург пора гирифтани Масимов низ ошкор шуд ва аз ӯ миқдори зиёди амволи ғайриманқул ва туҳфаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла осори фарҳангӣ ва миллионҳо доллари ба ҳайси пора аз ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гирифтааш ёфта ва гирифта шуд.

Аз ҷумла, Масимов ҳангоми раиси Кумитаи амнияти миллӣ буданаш аз намояндагони як кишвари хориҷӣ барои як қарордоди махфӣ 2 миллион доллар пора гирифтааст. Ин пулҳоро, ки Масимов дар Ҳонгконг пинҳон карда буд, алакай ба Бонки миллии Қазоқистон баргардондаанд.

Ҳамчунин Масимов ҳангоми сарвазир буданаш аз як ширкати тиҷоратӣ ҳамчун пора меҳмонзона ва қитъаи замин дар пойтахти Қазоқистонро, ки арзишаш ҳудуди 2,5 миллиард танга (қариб 5 миллион доллар) будааст, ҳанчун пора гирифтааст. Моҳи январи соли 2022 баъди боздошти Масимов аз ин меҳмонхонааш 17,2 миллион доллар пули нақд, ҳамчунин теъдоди зиёди молҳои қиматбаҳое, чун соатҳои тамғаҳои машҳур, хиштҳои тилло ва дигар молҳои антиквариатро пайдо ва мусодира кардаанд.

Ҳамчунин 11 мошини мутааллиқ ба Карим Масимовро мусодира карда, ду манзили гаронбаҳои ӯ дар шаҳри Нур-Султон, ду манзил ва як қаср дар шаҳри АлмаАто, ҳамчунин як қитъаи замини масоҳаташ 1 гектарро дар соҳили кӯл дар минтақаи осоишгоҳҳои Шучинско-Боровское ба ҳабс гирифтаанд. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон  гуфт, ҳамчунин аз наздикони Масимов боз 5,1 миллион доллар пули дигарро ёфта гирифтаанд ва ҳоло корҳо барои ҷустуҷӯ, мусодира ва ба Қазоқистон баргардондани маблағҳои боз ҳам бузургтаре, ки Масимов ва атрофиёнаш аз Қазоқистон бароварда, дар бонкҳои хориҷӣ пинҳон кардаанд, идома дорад.

Карим Масимов 56 сол дошта, аз ёрони қадимаи президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба шумор меравад. Масимов ду дафъа: солҳои 2007-2012 ва 2014-2016 сарвазири Қазоқистон буд ва баъди тарки ин мақом раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин шуд.

Боздошти Масимов ва муовинҳояш дар пасманзари эътирозҳои густардае сурат гирифт, ки дар Қазоқистон аз 2 то 8 январ давом кард. Дар ҷараёни ин эътирозҳо, ки дар бархе шаҳрҳо ба бетартибиҳо печид, беш аз 200 нафар кушта, чанд ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button