ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

186 ПАНОҲҶӮИ ТОҶИКРО АЗ ВАРШАВА БА ДУШАНБЕ ОВАРДАНД

Гуруҳи нахустин тоҷикҳое, ки Украинаро баъди бад шудани вазъи он кишвар тарк карданд, субҳи 11 март аз Варшава бо ҳавопаймои ширкати лаҳистонии “Enter Air” ба Душанбе оварда шуданд.  Сафорати Тоҷикистон дар Берлин гуфт, дар ҳавопаймои аввал 186 нафар, асосан занону кӯдаконро ба Ватан фиристодаанд.  Рӯзи 11 март ҳавопаймои дуюм бо муҳоҷирони тоҷик аз Варшава ба Душанбе парвоз мекунад.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов, дар умум то 10 март ҳудуди 1600 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Полша паноҳ овардаанд ва ҳоло раванди ба Ватан фиристодани онҳо шурӯъ шудааст. Қаблан гуфта мешуд, ки як қисми шаҳрвандони тоҷик аз Полша мустақилона ба кишварҳои дигар рафтаанд.

Полша баъди ҳамлаи ҳарбии Русия ба Украина ба шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд тарки Украина кунанд, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дод, ки барои 14 рӯз бидуни виза ба қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Шенген паноҳ биоранд. Вале ба фарқ аз шаҳрвандони Украина, Полша ба шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки тарки Украина мекунанд, паноҳандагӣ намедиҳад.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон қаблан дар иттилоияе дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт, тибқи мувофиқаҳои қаблии бо ҷониби лаҳистонӣ бадастомада, 10 марти соли 2022, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои ширкати лаҳистонии “Enter Air” ҳомили 186 мусофирон (асосан кӯдакон ва занон) бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Лаҳистон аз Варшава ба самти Душанбе парвоз кард.

Расмиёти қабулу гусели парвозкунандагон дар фурудгоҳи байналмилалии Варшава ба номи Фредерик Шопен (Warsaw Frederic Chopin Airport) дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи лаҳистонӣ мутобиқи рӯйхати тартибдодаи намояндагии дипломатӣ анҷом дода шуда, кормандони сафорат дар фурудгош ба он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият набуданд, шаҳодатномаҳои бозгашт ба Ватан доданд.

Барои бурдани ҳамаи шаҳрвандони аз Украина ба Полша паноҳоварда дастикам 8 ҳавопаймо лозим аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button