ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ДУ ХОНАНДАИ МАКТАБ ВА МУАЛЛИМАРО БАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗАШОН ҶАЗО ДОДАНД (ВИДЕО)

Дар Конибодом ду хонандаи мактаб ва як омӯзгорро ба вайрон кардани қонуни танзими расму ойин ва таҷлил ботантанаи зодрӯзашон айбдор мекунанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфт, ин ҳолатҳои нақзи қонуни танзим ва таҷлили ботантанаи зодрӯз бо даъвати афроде, ки узви оилаи онҳо нестанд, дар пайи дар Интернет нашр шудани сабтҳои видеоии ин се зодрӯз ошкор гардид. Бар асоси моддаи ҳаштуми қонуни танзим, ки соли 2007 қабул шуда,  талаботи он соли 2017 боз ҳам шадидтар карда шуд,  таҷлили зодрӯзро танҳо дар доираи оила, бидуни даъвати хешу табор, ҳамсояҳову ҳамкорон, ҳамсинфону ҳамсабақон ва дӯстону шиносҳо иҷозат медиҳад.

Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, як писари хонандаи синфи 11 аз мактаби №14 шаҳри Конибодом дар зодрӯзаш дар қаҳвахонаи “Латифӣ” дар кӯчаи Айнии ин шаҳр дастурхон ороста, 10 ҳамсинфашро даъват кардааст.  Ҳамин тавр, як духтари низ хонандаи синфи 11 аз ҳамин мактаб бо даъвати 15 ҳамсинфаш дар хона дастурхон ороста, зодрӯзашро ботантана таҷлил кардааст.

Хонандагон ҳангоми таҷлили зодрӯз хабар ёфтаанд, ки омӯзгори фанни забони англисиашон ҳамон рӯз ба синни 60 мерасад. Онҳо дастаҷамъона барои омӯзгор ба муносибати ҷашнаш дастовез ташкил карда, ба табрикаш рафтаанд, ки ба гуфтаи сухангӯи милитсияи Суғд, ин рафторашон ҳам хилофи талаботи қонуни танзим аст.

Дар видео дида мешавад, ки шогирдон ба хонаи муаллим омада, ӯро ба муносибати шастсолагиаш бо як дастагул табрик мекунанд ва муаллима аз ин ба риққат омада, ашки шодӣ мерезад ва шогирдонашро як як ба оғӯш гирифта, барои қадрдониашон изҳори сипос мекунад.

Вале акнун нисбат ба ҳарду хонандаи мактаб ва муаллимаи онҳо барои вайрон кардани қонуни танзим парвандаҳои маъмурӣ кушодаанд. Ба онҳо барои вайрон кардани тартиби таҷлили зодрӯзашон ҷарима ба маблағи то 6400 сомонӣ таҳдид мекунад.

Моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои вайрон кардани ин банди қонуни танзим ҷарима аз ҷониби шахсони алоҳида ба андозаи аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад.

Маҳдуд кардани ҷашни зодрӯз аз силсилаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша бо писханд ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Аммо мақомот аз тасмими қонунан маҳдуд кардани таҷлили зодрӯзи шаҳрвандон ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд. Ба ақидаи мақомот, ин маҳдудият ба мардум имкон медиҳад, ки пулашонро сарфа карда, ба ҷои исрофи беҳуда дар ҷашни зодрӯз барои ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон харҷ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button