ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ТОҶИКИСТОН ПӮШИДАНИ НИҚОБ БЕКОР, МАРЗИ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ВА ТӮЮ ХУДОӢ АЗ МАҲДУДИЯТҲО ОЗОД ШУД

Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7 март дар мавриди ба таври қобили мулоҳиза сабук кардани тадбирҳои мубориза бо коронавирус қарор қабул кард.

Аз ҷумла бо тасмими ситод дар ҷумшурӣ реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳдудиятҳои ҷоришуда дар мавриди баргузор кардани тӯйҳои арӯсию домодӣ ва маъракаҳои дигар  бекор карда шуда,  аз 15 март гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон пурра боз карда мешаванд.

Тадбирҳои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳоле сабук карда мешаванд, ки бино ба иттилои расмии вазорати тандурустӣ, аз 15 феврал ба ин тараф, инак се ҳафта боз дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Бино бар қарори ситоди ҳукуматӣ, аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

“Қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Тибқи қарори ситод, агувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.

«Ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд», — омадааст дар қарор.

Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.

Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арӯсӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар умум аз оғози пандемия то имрӯз дар Тоҷикистон 17 ҳазору 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 17 ҳазору 292 нафар, яъне беш аз 99% беморон шифо ёфта, вале 124 нафар, муттаассифона, фавтиданд. Вале мунтақидон бар инанд, ки шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни пандемия дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмист. Ҳанӯз дар миёнаҳои соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхатти беш аз 400 нафаре нашр шуд, ки гуфта мешуд, ба иллати коронавирус ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button