ИқтисодМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ВИДЕО: МОШИНИ НАВИ “ФЕРРАРИ”-И РАҲИМИ ҒАРМӢ

Дар Интернет бо нашри як видео аз гаражи Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори маъруфи тоҷик хабар доданд, ки ӯ ба тозагӣ як мошини нави гаронбаҳои тамғаи “Феррари” харидааст. Ин тамғаи мошинҳо хеле нархи баланд дошта, нархашон аз 200 ҳазор доллар сар мешавад ва нархи бархе тамғаҳои нодиру ангуштшумораш  ҳатто то ба чанд миллион доллар мерасад.

Дар видео мебинем, ки як мошини нави “Феррари” –и рангаш сафедро аз мошини мошинкаш пойин мефароранд ва онро ба гаражи Раҳими Ғармӣ бурда, дар паҳлуи мошинҳои дигари ғаронбаҳои ӯ ҷой мекунанд. Рақами ин “Феррари” 99 99 WW 01 аст. 99 99 рақами дӯстдоштаи Раҳими Ғармист ва аксари мошинҳояш ҳамин рақамро доранд.

Дар ҷараёни видео лаҳзае ҳам ҳаст, ки як нафари хеле монанд ба Диловар Сафаров, як блогери хеле наздик ба Раҳими Ғармӣ дар гаражи ӯ ба тарафи ин “Феррари” меравад. Ҳамчунин як ҷавони ришдори ба Раҳим монанд аз дари дигар ба мошин мешинад, вале чеҳрааш хуб дида намешавад.

Соли гузашта Раҳими Ғармӣ дар мусоҳиба бо блогер Диловар Сафаров дар посух ба ин суол, ки “Барои чӣ ин қадар мошин?”  чунин ҷавоб дода буд: “Баъзе одамҳо аспро дӯст медоранд ва асп ҷамъ мекунанд. Ман бошам, мошинро дӯст медорам”, – ҷавоб дод Раҳими Ғармӣ.

Дар видеоҳои нашршуда аз гаражи Раҳими Ғармӣ дида мешавад, ки дар онҷо беш аз 10 мошини ҳама люкси гаронбаҳо ҷамъ оварда шудаанд  ва тақрибан ҳамааш мисли “Феррари” –и нави ин соҳибкор  рақамҳои “крутой” -и  99 99 доранд. ҷамъ оварда шудаанд.

Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, зодаи ноҳияи Рашт буда, тиҷорати худро дар Русия аз як савдогари оддии бозорнишин  дар шаҳри Новосибирск сар кард ва батадриҷ соҳиби шабакаи мағозаҳои фурӯши пойафзол бо ном  “Планета обуви” дар чандин шаҳри Русия шуд.

Соли 2021 ба далели то ҳол норӯшане Раҳими Ғармиро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ӯро аз ин кишвар ихроҷ карданд.  Мегӯянд, ки ӯро рақибонаш бо ҳамин роҳ аз сари роҳи худ бардоштанд. Раҳими Ғармӣ баъди бозгашт ба Тоҷикистон низ ором нанишастааст ва моҳи январи соли ҷорӣ дар Душанбе тарабхонаеро кушод, ки таҳти бренди ошпази маъруфи турк Бурак кор мекунад.

Ӯ бо дасти хайраш ном баровардааст. Раҳими Ғармӣ дар моҳҳои аввали пандемияи коронавирус барои муҳоҷирони тоҷики бекормонда дар Русия миллионҳо рубл кумак кард ва баъди бозгашташ ба Тоҷикистон ба ду варзишгари тоҷик Самандар Муродов ва Нурулло Алиев барои пирӯзиҳояшон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мошин туҳфа кард.

Ба гуфтаи наздиконаш, ҳар рӯз даҳҳо нафари муҳтоҷ бо умеди кумак ба Раҳими Ғармӣ муроҷиат мекунанд ва ӯ кӯшиш мекунад, ки ягон касро ноумед накунад.

Раҳими Ғармӣ  барои садҳо ҳазор муҳоҷирбачаи тоҷик як навъ улгуи намунаи ибрат аст, зерои намунаи ӯ нишон медиҳад, ки бачаҳои тоҷик метавонанд дар ин ва дигар мулкҳои мусофират ба қуллаҳои баланд дар тиҷорат ва соҳоти дигар даст биёбанд. Ва бисёре аз ин муҳоҷирбачаҳо дар дил орзу мекунанд, ки мисли Раҳим муваффақ шаванд ва ҳатто аз ӯ ҳам бигузаранд.

Худованд ҳамаи бачаҳои тоҷикро дар ҳар куҷое ҳастанд, муваффақ гардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ассалому алейкум Рахим Бобочонов аз Шумо як оилае, ки мухточи хайрхои Шумо мебошанд мехоханд бо Шумо тамос гиранд раками телефонаш +992555771956 номаш Фахридин АСТ.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button