ВидеоДин ва боварҳо

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАСҶИДИ ЗОДГОҲИ РАҲИМИ ҒАРМӢ БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Шаби 6 ба 7 март масҷид ва фароғатгоҳи деҳаи Поҷеи поёни дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон ба коми оташ рафтааст.  Поҷеи поён зодгоҳи соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, соҳибмулки шабакаи мағозаҳои “Планета обуви” дар чанд шаҳри Русия ва тарабхона бо бренди ошпази маъруфи турк Бурак дар Душанбе, мебошад.

Шоҳидони ҳодиса бо ирсоли як видео ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки сокинони деҳа ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ҳарчанд талош карданд, вале фурӯ нишондани оташ барояшон муяссар нагардид. Дар натиҷаи сӯхтор аз ин бинои дуқабата танҳо деворҳояш боқӣ монда, боқимонда ҳамааш сӯхтааст.

Ин бинои масҷиди дуқабатаро мардуми деҳа бо пули худ дастаҷамъона дар соли 1990 аз хишти пухта ва бо як тарҳи барои замони худ зебову замонавӣ сохта буданд. Он вақт масҷиди Поҷеи поён калонтарин масҷид дар тамоми дараи Камароб ба шумор мерафт. Баъдан танҳо қабати дуюми биноро ҳамчун ибодатгоҳ боқӣ гузошта, қабати аввали биноро ба фароғатгоҳ табдил доданд. Дар ин қабати аввали бино мақомот маҷлису консертҳо баргузор мекарданд ва ҳамчунин мардум тӯю худоӣ ва дигар маъракаҳои худро барпо мекард.

Ба гуфтаи сокинон, соли 1990 вақти пӯшондани боми масҷиди Поҷеи поён яке аз устоҳо бо номи Усто Нурмуҳаммад аз бом афтода, ҷон бохта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button