ВидеоҶомеа

ҲАБСИ ПУЛЧИНАКИ МАРШРУТКАИ №15 БАРОИ ТАҲҚИРИ ЯК МӮСАФЕД (ВИДЕО)

 Чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ як мавзӯи асосии баҳси мардум видеои лаҳзаи як мусофири пиронсоли ришсафедро барои 50 дирам дашномҳои қабеҳ додани таҳқир кардани  як ҷавони пулчинаки маршруткаи рақами 15 буд.  Дар видео дида мешуд, ки чӣ гуна пулчинак бо як лаҳни қабеҳ дар пеши мусофирони дигар шаъну эътибори мусофири солхӯрдаро  паст мезанад.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  рӯзи 7 март хабар дод, ки дар пайи муроҷиати шаҳрвандон, ки хостори дар доираи қонун арзёбӣ кардани рафтори ин ҷавони пулчинак шуданд, кормандони милитсия бо роҳандозии як қатор чорабиниҳои фаврӣ бо гузашти ҳамагӣ ду соат шахсияти ҷавони дағалгуфторро муайян  карда, ӯро ба идораи милитсия оварданд.

 Муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Ҷамолиддинзода Муродбек, санаи таваллудаш 10.09.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ буда, муддатест дар автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», рақами қайди давлатиаш 08.16ТТ05, хатсайри №15 ба ҳайси пулчинак (кондуктор) фаъолият мекунад. РВКД Душанбе гуфт, “зимни санҷиш ва пурсиши дастгиршудаю шоҳидони ҳодисаи мазкур муайян гардид, ки пулчинак нисбат ба мусофири дар навор инъикосёфта барои маблағи роҳкиро дағалрафторӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задаст”.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷамолиддинзода Муродбек тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Коддекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Ҳамзамон бо ронанда ва дигар масъулони хатсайри мазкур ҷиҳати таъмини босифати хизматрасонӣ ба мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button