ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҚУРБИ РУБЛ БОЗ БЕШТАР БА ЗАМИН ЗАД, ҚУРБИ ДОЛЛАР ЯКБОРА БОЛО РАФТ

Аз оғози ҳамлаи ҳарбии Русия ба Украина қурби рубл дар бозорҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон беист пойин меравад. Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рублро барои охири ҳафта 9,1 дирам муқаррар кардааст ва ҳоло бонкҳои Тоҷикистон барои 1000 рубли русӣ ба муштариёнашон 90 ило 91 сомонӣ медиҳанд.

Бонки миллӣ қурби доллари Амрикоро бетағйир – 11 сомонию 30 дирам барои як доллар – боқӣ гузоштааст, вале соҳибкорон мегӯянд, ягон бонк бо чунин қурб доллар намефурӯшад. Дар бозори сиёҳ бошад, қурби доллар якбора ба боло ҷаҳид ва ҳоло дар ин бозор як долларро аз 12 сомонию 70 дирам то 13 сомонӣ мефурӯшанд.

Муттаассифона, тавре ҳам ки интизор мерафт, ҷанги Русия ба зидди Украина ба ҷайби муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, ва хонаводаҳои онҳо зарбаи сахт зад.

Муҳоҷирон музди худро дар Русия бо рубл мегирифтанду бо рубл захира мекарданд ва низ бо рубл ба Ватан мефиристанд. Дар байни 10 рӯз арзиши пасандозҳои  бо азоб ҷамъовардаи ин муҳоҷирон ва ҳамин тавр қурби маоши онҳо дар Русия аз ҳисоби ба замин задани қурби рубл 40% коҳиш ёфт. Ёдовар мешавем, рӯзи 24 феврал, қабл аз шурӯи ҳамла ба Украина 1000 рубли русӣ дар Тоҷикистон 149 сомонӣ қурб дошт.

Наздикони муҳоҷирон дар Тоҷикистон мегӯянд, пулҳои аз Русия фиристодаи азизони худро аз бонк нагирифта истодаанд, чунки бо чунин қурби паст – 90 сомонӣ барои 1000 рубл – дилашон намешавад, ки пулҳои бо азобу машаққат коркардаи азизони муҳоҷири худро иваз кунанд.

Ва аммо бо онки охири ҷанги Русияву Украина ҳанӯз дар уфуқ дида намешавад, ба эҳтимоли ғолиб, ҳалқаи таҳримот дар гардани Русия боз ҳам сахттару сахттар ва дар пайи он, қурби рубл ҳамчунон бештару бештар ба замин задан мегирад.

Қатъи фаъолияти Виза ва Мастеркард дар Русия ва аз шабакаи СВИФТ берун андохтани бонкҳои Русия дар оянда ҳатто интиқоли пулро аз Русия ба Тоҷикистон метавонад дучори мушкил ваё дар камтарин ҳолат хароҷоташро гаронтар кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин ахиран аз кишвар баровардани маблағи аз 10 ҳазор доллар бештарро манъ кард ва ин имкони бо пули нақд тавассути муҳоҷирони роҳии Ватан ба Тоҷикистон фиристодани дастмуздашонро барои муҳоҷирон маҳдуд мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button