ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ПУТИН ГУФТ, ЭҶОДИ МИНТАҚАИ МАМНӮЪ БАРОИ ПАРВОЗ ДАР УКРАИНА ИШТИРОК ДАР ИН МУНОҚИША БАҲО ХОҲАД ШУД (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 5 март дар мулоқот бо заноне, ки дар ширкатҳои ҳавопаймоии кишвараш кор мекунанд, гуфт, Маскав қарори ҳар кишвар дар мавриди эҷоди минтақаи барои парвоз мамнӯъ дар Украинаро билофосила ҳамчун иштирок дар муноқишаи мусаллаҳонаи Русия бо Украина қабул хоҳад кард.

“Ҳоло мо шунида истодаем, ки мегӯянд, бояд дар ҳарими Украина минтақаи мамнӯъ барои парвоз эҷод шавад. Ин корро аз қаламрави худи Украина кардан имкон надорад, онро метавонанд аз қаламрави ягон кишвари ҳамсоя анҷом диҳанд. Вале ҳар шгуна ҳаракат дар ин самют аз ҷониби мо ҳамчун  дар ин муноқиша иштирок кардани он кишваре, ки аз қаламраваш барои низомиҳои мо таҳдид ба вуҷуд меояд,  баррасӣ хоҳем кард. Мо онҳоро худи ҳамон лаҳза ҳамчун иштирокчиёни муноқишаи ҳарбӣ баррасӣ мекунам ва дигар фарқ надорад, ки онҳо узви кадом созмон ҳастанд. Аз ин рӯ, умедворам, ки инро дарк мекунанд ва кор то ба ин ҷо нахоҳад кашид”, – гуфт Путин. Манзури ӯ зоҳиран кишварҳои узви паймони низомии НАТО буд, чунки аксари кишварҳои ҳамсояи Украина узви ҳамин паймонанд.

Қарори маълум, Украина аз оғози муноқишаи низомиаш бо Русия аз муттаҳидони худ дар Ғарб, аз ҷумла аз паймони НАТО даъват карда истодааст,  то дар фазои Украина минтақаи барои парвоз мамнӯъ эҷод карда, ба ин тариқ, дасти авиатсияи ҳарбии Русияро кӯтоҳ кунанд.

Вазорати мудофиаи Русия чанд рӯз пеш эълон кард, ки ба нирӯҳои ҳавоии Русия муяссар шудааст, ки дар фазо бартарии комилро ба даст биоранд. Вале мақомоти низомии Украина инро рад мекунанд ва мегӯянд, нирӯҳои ҳавоӣ ва зиддиҳавоии артиши Украина ҳамчунон ба нирӯҳои артиши Русия муқовимат нишон дода истодаанд.

Путин рӯзи 24 феврал “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ба зидди Украинаро оғоз кард. Ҷониби Русия чанд рӯз пеш ҳалокатии 498 аскару афсар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 1600 тан аз нирӯҳои худро дар як ҳафтаи аввали ҷанг дар Украина расман эътироф кард. Вале ситоди артиши кулли Украина ахиран хабар дод, ки аз 24 феврал то 6 март талафоти ҷонии артиши Русия дар Украина беш аз 11 ҳазор нафарро ташкил дода, нирӯҳои Русия ҳамчунин 285 тонк, 44 ҳавопаймо, 48 чархбол, 4 ҳавопаймои бесарнишин ва садҳо мошини ҳарбию тӯпхонаҳояшро аз даст додааст.

Тасдиқи ин хабарҳо тавассути манобеи дигар имкон надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button