ВарзишВидеоДин ва боварҳо

ПАҲЛАВОНБАЧАИ ТОҶИК МОШИНИ ШОҲҶОИЗААШРО БА ЯТИМХОНА БАХШИД (7 АКС)

Рӯзи 26 феврали соли 2022 дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи ноҳияи Темурмалик  бо сарпарастии соҳибкорони ин минтақа мусобиқаи  гуштини миллӣ баргузор гардид.  Дар ин мусобиқа, ки ба сифати ду шоҳҷоиза барои ғолибонаш ду мошин гузошта буданд, паҳлавонҳои номдори тоҷик ва ҳамчунин аз Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Бино ба иттилои сомонаи Ҳалво.Тҷ, бо талабу дархости мухлисон Саидшоҳ (паҳлавон аз ноҳияи Восеъ) ва Муҳаммад (паҳлавон аз ноҳияи Темурмалик), ки дар ҷараёни ин мусобиқа ҳар кадом чорнафариро мағлуб намуда буданд,  барои  як аз ин ду шоҳҷоиза ба майдон дахват шуданд.

Дар ин рақобат пирӯзӣ насиби Муҳаммад шуд.

Муҳаммад тавассути баландгӯ аз кулли мухлисон барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ намуд ва бо суханонаш мухлисонро дигарбора ба ваҷд овард:

“Мухлисони азиз, ҳар сухани шумо ба рӯҳияи ман таъсиргузор буд ва маҳз бо дастгириҳои шумо ман соҳиби ин Шоҳҷоиза гардидам. Ва ҳоло бошад, ин автомобилро ба ятимхонаи деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик тӯҳфа мекунам.”

Муҳаммад ҳамагӣ 19 сол дорад ва ин пирӯзиро барои худ як пирӯзии муҳим дар собиқаи варзишиаш мешуморад.

Барои дарёфти шоҳҷоизаи дуюм паҳлавонон Шариф Назрӣ ва Абубакр вориди майдон шуданд, вале мутаассифона, дар рафти гуштингирӣ миёни ин ду варзишгар нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад ва довар ба ин далел натиҷаи ин мусобиқаро мусовӣ эълон кард. Ба ин тартиб, шоҳҷоизаи дуюм насиби ягон паҳлавон нашуд.

https://halva.tj/tj/articles/education/mu_ammad_avvalin_sho_oizai_khudro_ba_yatimon_t_fa_kard/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button