ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҶанг дар Украина

КОРТҲОИ VISA ВА MASTERCARD АЗ ИН БА БАЪД ДАР БЕРУН АЗ РУСИЯ КОР НАМЕКУНАНД

Рӯзи 6 март шабакаҳои байналмилалии Visa ва Mastercard  аз қатъи амалиёт дар Русия хабар доданд. Бонки Русия ба дунбол гуфт, кортҳои Visa ва Mastercard, ки бонкҳои ин кишвар ба муштариёни худ додаанд, то поёни замони эътиборашон кор хоҳанд кард, вале танҳо дар дохили Русия. Дар берун аз кишвар ё барои харидҳои байналмилалӣ онҳо дигар ба кор намеоянд.

Ҳазорон нафар аз муҳоҷирон ва наздикони онҳо низ аз ин кортҳо истифода мебурданд ва табиист, ки ин  ҳолати пешомада ба мардуми муҳоҷир низ таъсири манфӣ мерасонад.

Сбербанк ва Алфабанк гуфтаанд, онҳое, ки корти “Мир” доранд, метавонанд аз он ҳамчунон дар чанд кишвар (туркия, Ветнам, Арманистон, Беларус, Ӯзбекистон, Имороти Араб, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) истифода баранд.

Сбербанк (Сбер) дар Телеграм-каналаш гуфт, ин қарор ба кори кортҳои Visa ва MasterCard, ки Сбербанк ба муштариёнаш додааст, дар дохили Русия таъсир намерасонад.

 “Ҳамаи кортҳои муштариёни Сбер кор мекунанд. Бо онҳо метавон дар қаламрави Русия амалиёт анҷом дод — пул гирифт, пул интиқол дод, дар мағозаҳои оффлайн ва мағозаҳои интернетии ватанӣ пардохт кард. Чунки тамоми партохтҳо дар дохили Русия тавассути шабакаи ватании НСПК  сурат гирифта, аз низомҳои пардохти хориҷӣ вобаста нестанд. Аммо пардохтҳо дар хориҷ ва дар мағозаҳои интернетии хориҷӣ бо кортҳои русие, ки Visa ва MasterCard баровардаанд, маҳдуд карда мешаванд. Мо ба сокинони Русия тавсия медиҳем, ки дар вақти дар хориҷа қарор доштан, аҳ пеш миқдори лозими пули нақд бигирианд ва бо пули нақд хароҷоти калонашон (пули меҳмонхона, пули чипта)ро  пардохт кунанд”, – гуфта мешавад дар баёнияи Сбер.

Альфа-Банк  хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир пиромуни баровардани кортҳо тавассути шабакаи пардохтии Хитой кор карда истодаанд. “Мо алакай дар масъалаи баровардани кортҳои UnionPay бо шабакаи миллии пардохтҳои Хитой кор карда истодаем. Бо ин кортҳо метавон дар 180 кишвари дунё пул пардохт кард “, — гуфта мешавад дар баёнияи нашршуда дар Telegram-канали ин бонк.

Таҳримот ба зидди низоми молиявии Русия баъди ҳамлааш ба Украина вусъат гирифт. Кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла чандин бонки Русияро аз шабакаи СВИФТ, ки муомилоти байни бонкҳо тавассути он сурат мегирифт, хориҷ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button