ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БОЗ ЯК ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ РУСИЯ ПАРВОЗҲОЯШРО БА ТОҶИКИСТОН ҚАТЪ КАРД

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия парвозҳои байналмилалии худро башиддат коҳиш дода, бархеаш парвозҳо ба хориҷро комилан қатъ карда истодаанд. Росавиатсия ба ширкатҳои русӣ тавсия додааст, ки бо ҳавопаймоҳои иҷора ба хориҷ парвоз накунанд. Мақомоти авиатсионии Русия тарс доранд, ки дар пайи эъмоли таҳримоти сангин ба зидди кишвар ба сабаби ҳамлааш ба Украина ҳавопаймоҳоеро, ки дар лизинг қарор доранд, метавонанд дар берун аз Русия мусодира кунанд.

Ширкатҳои S7 Airlines, Smartavia, Royal Flight  ҳанӯз 5 март парвозҳои байналмилалии худро қатъ карданд.Аз 7 март ширкатҳои ҳавопаймоии Nordwind Airlines ва PegasFly  ва аз 8 март «Аэрофлот», «Россия», «Аврора», «Победа» ва AZUR air низ парвозҳои байналмилалиашонро манъ мекунанд.   

Аз ин шумор ду ширкаташ: S7 Airlines (Сибир) ва Nordwind Airlines (Северний Ветер) байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон низ моҳона даҳҳо парвоз анҷом медоданд ва рафтани онҳо аз ин бозор метавонад боиси камбуди шадиди чиптаи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баракс ва ҳам боиси башиддат боло рафтани нархи чиптаҳо шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мавсими нави сафари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия тоза авҷ мегирад.

Дар баҳори соли 2021, вақте ки Русия марзҳои худро баъди авҷи пандемия дубора кушод, нархи парвозҳо ба Русия аз Тоҷикистон то 1500 доллар ба осмон хеста буд. Интизор меравад, ки агар лағви парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия байни шаҳрҳои ин кишвар ва Тоҷикистон авҷи боз ҳам бештар бигирад, он вазъияти як сол пеш рӯйдода метавонад дигарбора такрор шавад ва нархи чиптаҳои парвоз ва умуман сафар ба Русия аз нав ба осмон бихезад.

Баъди 8 март чанд ширкати ҳавопайоии Русия ба парвозҳои байналмилалии худ давом медиҳанд. Аз ҷумла ширкатҳои:

  1.  Utair, ки парвозҳояш ба Арабистони Саудӣ, Имороти Араб, Туркия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Арманистонро ҳифз кардааст;
  2.  Red Wings — ба Арманистон ва Ӯзбекистон;
  3. «Азимут» — ба Арманистон;
  4. «ИрАэро» — ба Арманистон ва Ӯзбекистон;
  5. «Уральские авиалинии» — парвозҳояш ба Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ҳифз кардааст, вале нақшаҳояш метавонанд тағйир ёбанд. Ин ширкат рӯзҳои 4 ва 5 март чанд парвозаш ба Тоҷикистонро алакай манъ карда буд.

Баъди 8 март, бино ба хабарҳо, 27 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳояшон ба Русияро ҳифз мекунанд, вале вобаста ба тағйири вазъ дар Украина онҳо низ метавонанд тасмими худро бозбинӣ кунанд:

  • Turkish Airlines (Истанбул)
  • Pegasus Airlines (Истанбул ва Анталия)
  • Fly Dubai (Дубай)
  • Emirates (Дубай)
  • Air Arabia (Шарҷа)
  • Etihad (Абу-Забӣ)
  • Gulf Air (Баҳрайн)
  • Air Astana (шаҳрҳои Қазоқистон)
  • Fly Arystan (АлмаАто ва Қарағанда)
  • Армения (Ереван)
  • FlyOne Armenia (Ереван)
  • Air Serbia (Белград)
  • Royal Jordanian (Амон)
  • El Al (Тел- Авив)
  • Royal  Air Maroc (Касабланка)
  • Sri Lankan (Коломбо)
  • Avia Air Traffic (шаҳрҳои Қирғизистон)
  • Uzbekistan Airways (шаҳрҳои Ӯзбекистон)
  • Somon Air (шаҳрҳои Тоҷикистон)
  • Qatar Airways (Довҳа)
  • Ethiopian (Аддис- Абеба)
  • Mahan Air (Теҳрон)
  • Iraqi Airways (Бағдод)
  • Conviasa (Каракас)
  • Mongolian Airlines (Улан-Батор)
  • Red Wings (Арманистону Ӯзбекистон)
  • Air India (Деҳлӣ)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button