ВидеоҶомеа

АЗ РАШК ҲАМСОЯАШРО БО ТАБАР ЗАДА, СИПАС ЗИНДА БА ЗИНДА ОТАШ ЗАД…

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон рӯзи 24 феврали соли 2022 Набиев Ҷ.Ҳ. –ро дар одамкушӣ бо бераҳмии махсус гунаҳгор дониста, ӯро ба 23 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Набиев ҳамдеҳааш Алишер Содиқовро ба муносибатҳои маҳрамона бо ҳамсараш гумонбар шуда, аввал ба сару гардан ва пояш 4 зарбаи табар задааст ва сипас ба сару рӯи Содиқов, ки ҳанӯз зинда буд, бензин рехта, вайро оташ задааст. Баъди ин Набиев худро ба дор овехтааст, вале ҳамсояҳо хабар ёфта, ӯро аз ҳалқаи дор берун кашидаанд.

Додситонӣ нагуфтааст, ки ин ҳодисаи фоҷиабор дар кадом деҳа рӯй додааст, вале афзоиши мавридҳои одамкушӣ дар заминаи рашк баёнгари он аст, ки чунин ҳодиса метавонист дар дилхоҳ гӯшаи Тоҷикистон рӯй бидиҳад.

Маркази матбуоти Додсистонии куллли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда мегӯяд:

Набиев Ҷ.Ҳ. оид ба муносибати маҳрамона доштани ҳамдеҳааш Содиқов Алишер Ваҳобович, бо ҳамсараш Набиева А.Т. шубҳа карда, нияти ба ҳалокат расонидани Содиқов А.В.-ро намудааст.

   Ӯ, бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаи худ, 3 декабри соли 2021 тахминан соати 11:30 дақиқа дар манзили зисташ қарор дошта, ба саҳни ҳавлӣ ворид шудани Содиқов А.В.-ро мушоҳида намуда, аз набудани ҳамсараш ва фарзандонаш истифода карда, дар заминаи рашк ва хусумати шахсӣ ӯро бо пой зада ба замин афтонида, ба воситаи табаре, ки барои содир кардани куштор дар дасташ нигоҳ медошт, ду маротиба дар қисмати cap, як маротиба ба қисмати пеши гардан ва як маротиба дар қисмати пойи чапаш зарба зада, ба саломатии номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

    Баъдан, бо мақсади бо бераҳмии махсус ба қатл расонидани Содиқов А.В., ки ҳанӯз зинда буд, ба бадани охирон бензин рехта оташ задааст.

   Пасон, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, Набиев Ҷ.Ҳ. қасди худкушӣ намуда, тавассути банди хоҷагӣ худро дар болочӯби оғилхонаи манзили зисташ овехтааст. Ин ҳолатро ҳамсояҳо Ҳасанов М.Б. ва Шоймирзоев М.П. дида, фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бандро кушода анд ва қасди худкушии Набиев Ҷ.Ҳ. пешгирӣ кардаанд. Ҳамсояҳо ҳамин тавр, оташро дар бадани Содиқов А.В. хомӯш намуда, ӯро ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас кардаанд. Аммо бо сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнин, табибон натавонистаанд Алишер Содиқовро аҳ марг наҷот диҳанд ва дар беморхона вафот кардааст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button