ВидеоҶомеа

ХУДКУШИИ БОЗ ЯК КОРМАНДИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТӮС

Бино ба хабарҳо, рӯзи 3 март дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ҷасади ба дор овехтаи боз як корманди давлатиро пайдор кардаанд.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, ҷасади Фирӯз Ҳурматов, корманди кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритӯсро аз манзили иҷорааш пайдо кардаанд. Ӯро рӯзи 4 март ба хок месупоранд.

 Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манбааш дар Шаҳритӯс хабар дод, ки Фирӯз Ҳурматов дар кумитаи идораи замини ин ноҳия ба ҳайси мутахассис кор мекард. Ин манбаъ дар бораи сабабҳои эҳтимолии худкушии Ҳурматов изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки бо ин мутахассиси, ба гуфтааш, ҷавон ошно набуд ва дар борааш чизи зиёде намедонад.

Ва аммо сомонаи Рressa.tj  аз қавли як манбааш дар Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон хабар дод, ки Фирӯз Ҳурматов аз пайвайдони Фатҳулло Ҳурматзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон буда, ба ҳайси уовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритӯс фаъолият мекард. Фирӯз Ҳурматов оиладор ва соҳиби чор фарзанд будааст. Манбаи “Пресса” гуфтааст, сабаби худкушии Ҳурматов ҳанӯз маълум нест, вале марҳум мушкилоти оилавӣ надошт.

Дар камтар аз як моҳи охир ин алакай дуюмин мавриди худкушии кормандони давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритӯс аст.

Рӯзи 11 феврал ҷасади ба дор овехтаи Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаровро пайдо карда буданд. Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритӯс дар нишасти хабарии ахираш гуфт, Хушқадам Нодиров худкушӣ кардааст, вале худкушии ӯ рабте ба фаъолияти мансабиаш надошт, балки ӯ дар як номаи пеш аз марг эътироф кардааст, ки ба сабаби мушкилоти оилавӣ даст ба ҷони худ мезанад.

“Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров аз мушкилоти оилавӣ даст ба худкушӣ задааст. Дар соли 2021 се ҳолати худкушӣ дар ноҳия сабт шудааст. Ин аввалин худкушӣ дар соли 2022 буд”,–  гуфта буд раиси ноҳия.

Хушқадам Нодиров  34 сол  ва мисли Фирӯз Ҳурматов 4 фарзанд дошт.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button