ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ФАВРӢ! КӮШИШИ БОЗДОШТИ БОҚИР ДАР ХОРУҒ БА ТИРПАРРОНӢ ПЕЧИД

Бино ба хабарҳои расида аз Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, субҳи 4 март дар Хоруғ кӯшиши боздошти Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон сурат гирифта, ба тирпарронӣ печидааст.

Pamir Daily News,  пойгоҳи хабарие, ки ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунад, бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки афроди либоси мулкӣ дар тан субҳи 4 март дар наздикии бинои раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Хоруғ кӯшиш кардаанд, ки пеши роҳи мошини Боқирро бигиранд.

Як манбаи ин нашрия гуфт: “Ин ҳодиса вақте рӯй дод, ки Мамадбоқиров фарзандонашро ба дарс ба литсейи Оғохон, ки дар наздикии бинои КДАМ ҷойгир шудааст, мебурд. Дар роҳ як мошини номаълум кӯшиш кардааст, ки роҳи Боқирро бандад, вале ӯ тавонистааст, ки аз он убур кунад. Баъди ин афроди ношиноси либоси мулкӣ дар тан аз мошин баромада, ба тарафи мошини Боқир тир паррондаанд”. Аммо шоҳиди дигари ҳодиса гуфтааст, ки он нафарон ба ҳаво тир холӣ карданд, на ба сӯи мошини Боқир.

Маълум нест, ки он нафароне, ки кӯшиши боздошти Боқирро карданд, аз кадом ниҳоди қудратӣ буданд? Мақомоти расмӣ то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик аст, ки баъди имзои созишномаи сулҳи сорли 1997 аз ҳисоби квотаи сифоизаи мухолифин фармондеҳи як қисми ҳарбии нирӯҳои марзбонӣ таъйин шуд ва соҳиби рутбаи полковник шуд.

Ба зидди Боқир ахиран бо иттиҳоми таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзов Боқирро ба он айбдор кард, ки гӯё шоми 29 январ ӯро таҳқиру латтукӯб карда ва аз хонааш дар қабати болоии бинои идораи маориф, ки дар маҳаллаи Бархоруғ, маҳалли зисти Боқир ва аксари тарафдоронаш ҷойгир шудааст,  рондааст. Боқир таҳқиру латтукӯби Наврӯзовро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим танҳо як суҳбати падарона кардам”. Боқир мегӯяд, ки Наврӯзов ӯро тавассути ТВ бе ягон асос “террорист” номид ва муаллимони дигарро ҳам маҷбур мекард, ки аз тариқи ТВ ба зидди Боқир ва дигар лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон гап зананд. Мақомот ин лидерҳои ғайрирасмӣ, аз ҷумла Боқирро “саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ном мебаранд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи кушодани парвандаҳои ҷиноятӣ ба зидди Боқир ва тарафдоронаш аз вай талаб доранд, ки ба тафтишот ҳозир шавад ва ҳамчунин 6 сокини дигари Бархоруғро, ки ба латтукӯби кормандони милиса ва амният дар рӯзҳои эътирозҳои 25-28 ноябр дар Хоруғ айбдор мешаванд, бисупорад. Боқир ин талабро қабул накард ва инак беш аз як моҳ боз сокинони Хоруғ нигарони роҳандозии амалиёти махсус барои боздошти Боқиру тарафдорони ӯ мебошанд. Сокинон барои мамониат ба ин, дар роҳҳое, ки ба сӯи хонаи Боқир мебаранд, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button