Илму фанноварӣЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АКАДЕМИК ПОДАБОН ЗОИРОВ

Академик Подабон Зоиров, донишманди шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон, профессори кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино субҳи 4 март дар синни 81 аз олам гузашт. Подабон Зоиров яке аз табибон ва олимони варзида дар риштаи бемориҳои пӯст ва яке аз асосгузорони мактаби венеро-дерматология (бемориҳои пӯсту бемориҳои ҷинсӣ ё венерикӣ) дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ба гуфтаи пайвандонаш, намози ҷанозаи академик Зоироввақти намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе доир мешавад.

Раёсати донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар як номаи таслият ба пайвандони академик Зоиров изҳори ҳамдардӣ кард ва навишт: “Боиси ифтихор аст, ки марҳум Подабон Зоиров ҳамчун устоди моҳир дар Донишгоҳи тиббӣ дартаълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони ҷавони соҳаи тиб саҳми бузург гузоштаанд. Заҳматҳои ин устоди олами илми тиб ҳамеша вирди забони мардуми тоҷик хоҳад буд. Ёди ӯ то абад дар қалби ҳамагон боқӣ хоҳад монд.”

Подабон Зоиров соли 1941 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1965 Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро хатм кард ва боқии умри худро фидои табобати мардум ва таҳқиқоти илмӣ кард.

Фаъолияти меҳнатиашро бо ихтисоси «бемориҳои пӯст» оғоз намудаанд. Самтҳои асосии фаъолияти илмии Подабон Зоиров дерматовенерология, эпидемиология, патогенез ва муолиҷаи дерматозҳои музмин ва бемориҳои венерикӣ буд.

Ӯ солҳои 1970-1978 ассистент дар кафедраи дермато-венерологияи Донишкадаи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 1979-1980 ходими хурди илмӣ, солҳои 1974-1980 ассистенти кафедра, аз соли 1983  то 1996 мудири кафедраи бемориҳои пӯст ва венерикии Донишкада буд. Подабон Зоиров аз соли 1996 то 2005 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба кори илмӣ (1996-2005) ва аз соли 2005-ум то дами маргаш профессори кафедраи дерматовенерологияи ин донишгоҳ буд.

Академик Подабон Зоиров олими сермаҳсул ва муаллифи таълифоти зиёди илмӣ буд. Хидматҳои бисёрсолаи ӯ бо ордени «Шараф» дараҷаи II, унвони Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1984), Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2000) тақдир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button