Хабарҳои кӯтоҳ

АЗ 5 ТО 8 МАРТ ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОНИ САХТУ БАРФИ ТАР МЕБОРАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки бино ба маълумоти ҳавошиносон, аз 5 то 8 марти соли 2022 дар қаламрави кишвар боронгариҳои шадид ва манотиқи баландкӯҳ(аз 2500 метр баландӣ аз сатҳи баҳр) боридани барфи тар пешбинӣ мешавад.

Ба сабаби боришот хатари боло рафтани сатҳи об дар дарёҳои Яхсӯ ва Қизилсӯ ва ҳамчунин дар рӯдҳои кӯҳие, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегиранд, пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин хатари сангрезӣ ва фаромадани тарма бахусус дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад. 

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хостааст, ки дар ин рӯзҳо дар роҳҳои кӯҳистон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд, васоили нақлиёти худро аз пеш омода кунанд ва ҳадалимкон аз сафар ба манотиқи хатарнок, анҷоми корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳезуму алафҳои табиӣ, моҳигирию шикор дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоста шудааст, ки дар сурати дучор шудани ҳолатҳои хафвнок, бо рақамҳои  112, 93 880 28 19 ваё ба қисми навбатдорӣ бо рақами (37) 223 13 11. 

  • Раёсати КҲФ дар Душанбе

225-44-73, 225-44-76, 225-44-90

  • Раёсати КҲФ дар  вилояти Хатлон
  • (83222) 2-35-05, 2-78-28

Раёсати КҲФ дар  вилояти Бадахшон

 (83522) 2-40-57, 2-53-47

Раёсати КҲФ дар  вилояти  Суғд

 (83422) 6-58-72, 5-15-55

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button