Варзиш

ТЕМУР РАҲИМОВ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021 ЭЪЛОН ШУД

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи варзиши кишвар, ки 1-уми март дар Кохи “Суруш”-и пойтахт баргузор шуд, беҳтаринҳои соҳа дар соли 2021 эълон гардиданд.

Варзишгари маъруфи кишвар Темур Раҳимов беҳтарин варзишгари сол аз рӯи намудҳои олимпии варзиш дониста шуд.

Темур соли 2021 дар Гран Слами Боку (5-7.11.2021) медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Даби (26-28.11.2021) ва Чемпионати Осиё/Уқёнус (6-9.04.2021) медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо (1-5.10.2021) медали тилло ба даст оварда, дар маросими кушодашавии 32-юм Бозиҳои Олимпиада дар Токиои Ҷопон (24.07.2021) парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон буд.

Ҷоизаи Беҳтарин варзишгари соли 2021 аз рӯи намудҳои ғайриолимпии варзиш насиби Акмалиддин Каримов шуд. Акмалиддин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфта, дар Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия медали нуқра, дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Инчунин, Миҷгона Самадова, ки соли гузашта дар Ҷоми ҷаҳон ба гирифтани медали тилло ва дар Чемпионати Осиё ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид, ҷоизаи Беҳтарин варзишгари сол дар байни бонувонро сазовор шуд.



Ҳамчунин, дар маросим дар дигар номинатсияҳо барандагон ба таври зайл эълон шуданд:

Беҳтарин федератсияи миллӣ
Федератсияи тенниси Тоҷикистон,
Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Тоҷикистон.

Беҳтарин дастаи варзишӣ
Клуби футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе.

Беҳтарин мураббии соли 2021
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов,
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ Равшан Ҳайдаров,
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Мирзо Шамсиев, Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо Носир Бозоров, Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс Носирҷон Азимов.

Беҳтарин шореҳи варзишӣ
Раҳматшо Обидов (ТВ “Тоҷикистон”),
Муродалӣ Тешаев (ТВ “Варзиш”),
Меҳрон Азимов (АМИТ “Ховар”).

Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш дар соли 2021
ТВ “Варзиш”,
ТВ “Футбол”,
ТВ “Тоҷикистон”.

Беҳтарин иншооти варзишӣ
Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара,
Қасри тенниси КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон,
Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ,
Маҷмааи варзишии “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд.

Беҳтарин шаҳр (ноҳия)-и варзишӣ дар соли 2021
шаҳри Душанбе,
шаҳри Кӯлоб,
шаҳри Гулистон,
шаҳри Хоруғ,
ноҳияи Тоҷикобод.

Беҳтарин Мактаби варзишӣ
Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин,
Мактаби варзишии захираҳои олимпии 9 оид ба бокс,
Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб,
Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат,
Мактаби варзишии шаҳри Истаравшан,
Мактаби варзишии ноҳияи Ёвон,
Мактаби варзишии ноҳияи Кӯшониён,
Мактаби варзишии ноҳияи Қубодиён,
Мактаби варзишии ноҳияи Балхӣ,
Мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон,
Мактаби варзишии ноҳияи Ишкошим,
Мактаби варзишии ноҳияи Рашт,
Мактаби варзишии ноҳияи Файзобод,
Мактаби варзишии ноҳияи Ашт,
Мактаби варзишии ноҳияи Шаҳристон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button