ВидеоҶомеа

ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ ҚАТЛИ ПАДАРУ 3 ФАРЗАНДАШ БА ДОДГОҲ РАФТ (ВИДЕО)

Як манбаъ аз додситонии вилояти Хатлон ба хабаргузории “Азия Плюс” хабар дод, ки тафтишоти парвандаи ҷиноии алайҳи се гумонбар дар куштори пурсарусадои хонаводаи Маҳмадовҳо бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон исрол карда шуд.

“Парвандаи ҷинояти рӯзи 22-феврал баъди тасдиқи фикри айбдорӣ нисбати се сокни ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори оилаи Маҳмадовҳо айбдор мешаванд ба суд ирсол шуд. Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова, ҳамсари оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи  104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд”,- гуфт манбаъ.

Насриддинов Қиёмиддин Давлатёрович, с.т. 1984,  ва ҳамсараш Адолат Шерматова сокини деҳаи Суғдиён, ва Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр Абубакрович, с.т. 1988, сокини деҳаи Орзу, ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳунанд.

Рустам Мирзозода раиси Додгоҳи вилояти Хатлон низ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки “парвандаи мазкур ба додгоҳи вилоят ворид шудааст ва айни замон дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад. Парвандаро судияи додрас Хисрав Холзода баррасӣ хоҳад кард”.

Ёдовар мешавем, ки қаблан додситонии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии ниҳодашон аз дастгир шудани нафари сеюм дар ин парванда хабар дода буд.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39 сола ва се фарзанди 8,13 ва 14 солааш ба таври ваҳшиёна бо табар кушта шуданд.

Манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо рафти тафтишоти шинос буд хабар дод, ки нафари сеюм ҳамсари яке аз дастгиршудаҳо мебошад.

“Ин зан дар он шаби ҳодиса ҳамроҳи шавҳараш будаасту вақте шавҳараш ва рафиқаш ба Маҳмадов ва фарзандонаш бо табар ҳамла мекарданд ӯ бо чароғи дастӣ (фонарик) рушноӣ мекардааст. Баъдан маълум шудааст, ки зани ҷабрдида ва як фарзандаш, ки зинда мондаанд ин занро шинохтаанд. Кӯдак гуфтааст, ки вақте маро заданд, ман ҳоло ҳушёр будам ва ин зан маро бо пояш ба таги крават тела дод”,– гуфт манбаъ.

Тавре ВКД хабар  дода буд, ҳодиса ба асоси рашк рух додааст. Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ба Қиёмиддин Насриддинов хабар додааст, ки занаш бо марҳум Маҳмадов ба ӯ хиёнат мекардааст.

“Рӯзи ҳодиса занам дар хонаи модараш буд ва бегоҳ ман ҳам рафтам. Онҷо ман бо занам ҷанҷол кардам. Баъдан омадам то бо Аҳлиддин баҳс кунам, вале моро ҷанҷол шуд. Баъдан шабона соати дуйи шаб бо ҳамроҳии Ҳайбуллоев ду тавваро гирифта ба хонаи Аҳлиддин рафтем”,- нақл мекунад Насриддинов дар навори ВКД.

Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев гуфтаҳои Насриддиновро тасдиқ карда илова мекунад, ки онҳо қаблан ин ҷиноятро ба нақша гирифта буданд. Ҳарду гумонбарон дар ин гузориш нақл карданд, ки чӣ гуна ба Маҳмадов ва аҳли оилаи ӯ ҳамла карданд ва баъдан хонаро оташ заданд. Ҳамсояҳо дудро дида, ба хонаи Маҳмадов омаданд ва аз ин ҷиноят хабар ёфтанд. Ҳамсари Маҳмадов, Латофат Азизова ва як писараш зинда монданд ва онҳо гумонбаронро шинохтанд.

Дар ҳамин гузориш гуфта мешуд, ки моҳи апрели соли 2021 ҳарду гумонбар бо ҷурми дуздӣ дастгир шуда,бо ҷарима раҳо шуданд. Акнун ба онҳо ҳабси умрбод таҳдид мекунад,

Қаблан вазорати корҳои дохила гузориши видеоиеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард.

Вале  Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов, баъди он ҳодиса ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омада, шикоят карда буд, ки маъмурони милиса аз ӯ хостаанд, ба зидди шавҳараш баёнот диҳад.

“Таъкид карданд, ба гардан гир, ки ҳамроҳи шавҳарат рафта, пушти дар нишастӣ ва дидӣ, ӯ ҳамин ҷиноятро кардааст. Дашном мекунанд, азоб медиҳанд, ки ба калла гир. Дар асл чизеро надидаам, шаби ҳодиса дар хонаи модарам будам”, — нақл кард ӯ дар суҳбат бо Озодӣ.

Адолат Шерматова гуфт, “як дафъа бо шавҳарам рӯ ба рӯ карданд. Дар болои биниву даҳон ва пояш пайи латукӯб ҳаст. Куртааш дарида ва пур аз хун буд. Гуфт, ман ин корро накардаам”.

Вале Адолат Шерматова дар бораи ин ки овозаҳо дар бораи гӯё бо Аҳлиддин Маҳмадов муносибат доштани ӯ сабаби куштор шудааст, дар шикояташ ба Озодӣ чизе нагуфт.

Қумрӣ Ҳайбуллоева, модари гумонбаршавандаи дигар Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев, ба Озодӣ гуфт, бо сабаби тангдастӣ натавонист барои ҳимояти фарзандаш адвокат бигирад, вале як бор ӯро дид: “Писарамро дидам. Ҳар қадар пурсидам, мегӯяд, чизе нагӯед. Пас аз рафтани Шумо боз маро мезананд.”

Пайвандони Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов иддао доштанд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button