ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҶАНГ ДАР УКРАИНА. РӮЗИ ҲАФТУМ: РУСИЯ АЗ ИШҒОЛИ ШАҲРИ ХЕРСОН ХАБАР ДОД

ДИҚҚАТ! Тавассути манобеи дигар санҷидани дурустии маълумоти мақомоти ҳарбии Русияву Украина дар бораи талафот  ва пешравиҳояшон дар майдони ҷанг имкон надорад.

Вазорати мудофиаи Украина субҳи 2 март хабар дод, ки аз 24 феврал то субҳи 2 март талафоти нирӯҳои Русия 5840 нафарро ташкил дода, нирӯҳои Украина дар ин муддат до 211 тонк, 862 мошини зиреҳпӯш, 85 тӯпхона, 40 шабакаи оташандози реактивӣ, 9 шабакаи зиддиҳавоӣ, 30 ҳавопаймо, 31 чархбол, 355 мошини ҳарбӣ, 2 катер, 3 ҳавопаймои бесарнишин ва 60 систерна сӯзишвории артиши Русияро нобуд кардаанд.

Игор Конашенков, намояндаи вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки нирӯҳои Русия шаҳри Херсонро дар ҷануби Украина пурра ишғол карда, роҳи нирӯҳои Украинаро ба сӯи баҳри Азов пурра бастанд.

Конашенков гуфт, нирӯҳои Русия аз шурӯи “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украина ба 1502 иншооти ҳарбии ин кишвар ҳамла оварда, аз ҷумла 51 бунгоҳи фармондеҳӣ ва алоқа, 38 шабакаи зенитии С-300, “Бук” ва “Оса”, 51 истгоҳи радиолокатсиониро ҳадаф қарор додаанд. Ӯ афзуд, нирӯҳои Русия дар ин муддат   58 ҳавопаймо, 472 тонку мошинҳои дигари зиреҳпӯш,  62 шабакаи оташандози реактивӣ, 206 тӯпхонаву миномёт, 336 мошини ҳарбӣ ва 46 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро нобуд кардаанд.

Рӯзи 1 март нирӯҳои Русия манораи телевизиониро дар Киев зарба зада, монеи кори чандин шабакаи ТВ ва радио шуданд. Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ҳадафи ин зарба нуқтаҳое буд, ки СБУ (Хадамоти амнияти Украина) барои ҷанги иттилоотӣ ба зидди Русия истифода мебурд.

Субҳи 2 март шаҳри Ирпен дар канораҳои ғарбии Киев, пойтахти Украина ва ҳамчунин Харков, дуюмин шаҳри бузурги ин кишвар ҳадафи бомбборон қарор  гирифт. Нирӯҳои Русия чанд рӯз боз талош доранд Харковро бигиранд, вале то ҳол ба ин шаҳр даст наёфтаанд.

Волии вилояти Николаев Виталий Ким хабар дод, ки дар минтақаи Баловний десанти артиши Русия фуруд омадааст ва ба ин далел дар шаҳри Николаев соати комендантӣ ҷорӣ кардаанд. Ким гуфт, ҷангҳо дар Калиновка идома доранд, вале нирӯҳои Русия дар Николаев нестанд. Ин шаҳр дар 100-километрии шимолуғарби Херсон ҷойгир шудааст.

Дар бораи ба дасти нирӯҳои Русия афтодани шаҳри бандарии Бердянск гузоришҳо ба даст мерасанд. Вале шаҳри низ бандарии Мариупол, ки дар фосилаи 75 км аз Бердянск қарор дорад, бо вуҷуди ду рӯз боз дар муҳосира қарор гирифтанаш, ба муқовимат идома медиҳад. Шаҳрдори Мариупол Вадим Бойченко гуфт, нирӯҳои Русия ба бомбборони шаҳр идома медиҳанд ва дар натиҷаи ҳамлаҳо зербинои Мариупол хароб шуда, куштаву захмиҳо хеле зиёданд, вале ба далели идомаи бомбборон онҳоро аз кӯчаву хонаҳо гирифта натавониста истоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button