ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ФАВРӢ! РУСИЯ ҲАЛОКАТИ 498 АСКАРУ АФСАРАШРО ДАР УКРАИНА РАСМАН ТАСДИҚ КАРД (ВИДЕО)

Игор Конашенков, намояндаи расмии вазорати мудофиаи Русия ҳоми 2 март бори аввал арқоми мушаххасеро дар бораи талафоти ҷонии артиши ин кишвар дар Украина нашр кард. Аммо ӯ мегӯяд, талафоти ҷониби Украина дар як ҳафтаи аввали “амалиёти махсуси ҳарбӣ” хеле бештар аст.

 “Мутаассифона, дар байни рафиқони мо, ки дар ин амалиёти махсуси ҳарбӣ иштирок доранд, талафот ҳаст. 498 ҳарбии Русия ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбии худ ба ҳалокат расиданд. 1 597 тан аз ҳамсангарони мо ҷароҳат бардоштанд”, — хабар дод генерал Конашенков.

Дар айни замон, афзуд намояндаи вазорати мудофиаи Русия, талафоти ҷонии тарафи Украина ба маротиб бештар буда, 2870 нафар аз нирӯҳои он кишвар кушта ва ҳудуди 3700 тани дигараш захмӣ шудаанд.

Конашенков ҳамчунин хабар дод, ки аз 24 феврал то 2 март нирӯҳои Русия дар Украина ба 1533 иншооти ҳарбии ин кишвар ҳамла оварда, аз ҷумла 54 бунгоҳи фармондеҳӣ ва алоқа, 39 шабакаи зенитии С-300, “Бук” ва “Оса”, 51 истгоҳи радиолокатсиониро ҳадаф қарор додаанд. Ӯ афзуд, нирӯҳои Русия дар ин муддат   58 ҳавопаймо, 484 тонку мошинҳои дигари зиреҳпӯш, беш аз 200 тӯпхонаву миномёт, 336 мошини ҳарбӣ ва 47 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро нобуд кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, ки талафоти ҷонии нирӯҳои Русия аз 24 феврал то 2 март  5840 нафаррро ташкил дод. Вале ин ниҳод мушаххас накардааст, ки ин рақам танҳо кушташудаҳоро дар бар мегирад, ё ҳам куштаҳову ҳам захмиҳоро?

Артиши Украина чанд рӯзи охир дар бораи талафоти ҷониби худ ягон рақами ҷадид нашр накардааст, вале мегӯяд, аз 24 феврал то 2 март нирӯҳояш то 211 тонк, 862 мошини зиреҳпӯш, 85 тӯпхона, 40 шабакаи оташандози реактивӣ, 9 шабакаи зиддиҳавоӣ, 30 ҳавопаймо, 31 чархбол, 355 мошини ҳарбӣ, 2 катер, 3 ҳавопаймои бесарнишин ва 60 систерна сӯзишвории артиши Русияро нобуд кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button