ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ФАЪОЛИ БАДАХШОНӢ МЕГӮЯД, МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН БА ШИКОРИ Ӯ ДАР РУСИЯ ПАРДОХТААНД

Рамзесс Шогунов (Вазирбеков Рамзӣ Аликович), як ҷавони фаъоли 34-солаи зодаи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо матлабҳои интиқодиаш пиромуни ҳаводиси Бадахшон маъруф аст, рӯзи 1 март дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ӯро мехоҳанд аз қаламрави Русия рабуда, ба Тоҷикистон баранд.  Фаъоли бадахшонӣ инро ба фаъолона изҳори назар карданаш пиромуни масоили Бадахшон рабт дод.

 “Мехоҳам ин масъаларо рӯшан кунам ва изҳор бидорам, ки ман нақшаи ба Тоҷикистон сафар кардан надорам. Сароҳатан дарк мекунам, ки ба сабаби мавқеи фаъоли шаҳрвандиам ба ҳаёти ман дар қаламрави Тоҷикистон хатар таҳдид мекунад. Ҳадафи таҳдид ба ҷони ман метавонад ба хотири бастани даҳони ман бошад. Вале ман қасди хомӯш шудан ва назорра кардан, ки чӣ гуна мардумамро нобуд мекунанд, надорам. Ва дар ояндаи наздиктарин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия муроҷиат хоҳам кард, то амнияти маро таъмин кунанд”, – навиштааст Рамзӣ Вазирбеков.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ва Бадахшон то кунун ин изҳороти Рамзесс Шогуновро шарҳ надодаанд.

Рамзесс Шогунов  аз ҷумлаи онҳое буд, ки аз ҷараёни митинги эътирозии зодагони Бадахшон дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши мустақим мебурд. Шоми 25 ноябри соли 2021 бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани омилони куштори сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар тангкӯчаи Гранитний переулок дар маркази Маскав ҳудуди 1000 нафар аз зодагони Бадахшон гирди ҳам омаданд, ки то имрӯз яке аз бузургтарин гирдиҳамоиҳои эътирозии зодагони Тоҷикистон дар Русия ба шумор меравад.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи эътирозҳои моҳи ноябр дар Бадахшон тавонистанд алакай  ба ихроҷи ду намояндаи шинохтаи ҷамъияти бадахшониҳои Русия – ситораи ҷавони варзиши поп-ММА Чоршанбе Чоршанбиев ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии бадахшониҳо дар Русия Амриддин Аловатшоев ноил шаванд. Ҳардуи онҳо баробари оварда шуданашон ба Душанбе  ба ҳабс гирифта шуданд. Аловатшоев, ки яке аз ташкилкунандаҳои эътирози бадахшониҳо дар назди сафорат дониста мешуд, баъди як моҳи ҳабсаш дар як видео гуфт, ки гӯё худаш чипта харида, ба Душанбе омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Вале ба ин суханони ӯ бисёриҳо бовар накарданд ва гуфтанд, ки Аловатшоев ба эҳтимоли ғолиб таҳти фишор чунин ҳарф задааст.

Марги Гулбиддин Зиёбеков баъди боздошташ мунҷар ба эътирозҳои густарда дар Хоруғ, маркази ВМКБ шуд. Мардум танҳо чор рӯз баъд, дар пайи ваъдаи мақомот ба тафтиши муштараки қазияи марги Зиёбеков ва ду сокини дигари вилоят пароканда шуданд. Вале бо гузашти беш аз 3 моҳ то ҳол ягон гумонбар дар парвандаи ин сокинони Роштқалъа муайян ва дастгир нашудааст. Мақомот ваъдаи дуюми худ: барқарор кардани дастрасӣ ба Интернет дар вилояти Бадахшонро низ то ҳол иҷро накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button