ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

БА КӢ БОВАР КУНЕМ? БА “БАРҚИ ТОҶИК” Ё БА ЧАШМОНИ ХУДАМОН? ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЛИМИТИ БАРҚ ҶОРӢ ШУДААСТ. “БАРҚИ ТОҶИК” ЧУН ҲАМЕША РАД МЕКУНАД

Сокинон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон аз дигарбора ҷорӣ шудани лимити барқ дар кишвар хабар медиҳанд. Ба гуфтаи сокинон,  дар аксари ноҳияҳо ва ҳатто шаҳрҳои Тоҷикистон аз соати даҳи шаб нирӯи барқро хомӯш мекунанд ва танҳо аз соати 5 ё ҳатто шаши субҳ интиқоли онро аз сар мегиранд. Дар бахши аъзами манотиқи деҳот нирӯи барқро аз соати 8 ё нӯҳи субҳ дубора хомӯш мекунанд ва аҳолӣ дар давоми рӯз то расидани шом бебарқ мемонад.

Журналисти муқими шаҳри Кӯлоб Mahmudjon Rahmatzoda дар Фейсбук хабар додааст, ки лимит ҳатто то ба ин шаҳр “қадам ранҷа кардааст”.

“Кӣ мегӯяд, ки лимит нест? Ҳатто лимит ба шаҳри Кӯлоб, сеюмин шаҳри калони Тоҷикистон расидааст. Ҳамин ҳоло, соат 22:32 аст, се дақиқа пеш барқро хомӯш карданд. Ин акс ҳам аз торикиҳои яке аз маҳаллаҳоӣ Кӯлоб аст”, навиштааст Маҳмудҷон Раҳматзода дар матлабе, ки шаби 1 ба 2 март нашр кард.

Журналист Исматуллои Абдулло дар як матлаб дар гуруҳи фейсбукии “Ахбори Осиёи Марказӣ”  навиштааст, ки дар ноҳияи Хуросон шабҳо барқ набуд акнун рӯзҳо ҳам барқ нест. Танҳо чанд соат бегоҳ ва чанд соат саҳар барқ ҳаст тамом. Ба фикрам ба лимитҳои соли 2010 баргаштем.

Ӯ меафзояд, ки ба ширкати “Барқи Тоҷик” занг задааст, вале дар онҷо ҷорӣ шудани лимитро рад карда, гуфтаанд, ки … дар ягон ҷо лимит нест.

“Аммо ба кӣ бовар кунем? Барқи Тоҷик ё чашмони худамон?

Агар БАРҚИ ТОҶИК не, пас кӣ барқро қатъ мекунад?

Баҳонаи қатъ кардани барқ дар чист?

Агар оби обанборҳо кам шуда бошад чаро барқро ба ширкати “БРЕШНО”-и Афғонистон фурӯхтанд?

Ё ЧАРО БАРҚИ ТОҶИК РӮИ РОСТ ДУРӮҒ МЕГӮЯД??? СИР ДАР КУҶОСТ, КИ СОКИНОН БЕ БАРҚ АММО КИШВАРИ ҲАМСОЯ АЗ БАРҚИ МО ИСТИФОДА ДОРАД???менависад Исматуллои Абдулло.

https://www.facebook.com/groups/centralasiannews/posts/2204008663080979/

Мавзӯи лимити барқ як мушкили дар тӯли даҳсолаҳо ҳалношуда барои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Соли 2018 баъди ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун мақомот ботантана ба мардум ваъда дода буданд, ки бо ҳамин лимити барқ дар Тоҷикистон моли таърих шуд. Дар ин байн чархаи дуюми Роғун ҳам ба кор даромад, вале мушкили таъмини аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқи доимӣ ҳамчунон доғ боқӣ мондааст.

Мақомоти “Барқи Тоҷик”, ки қарзи ин ширкат ба 32 миллиард сомонӣ, ё қариб 3 миллиард доллар баробар шудааст, сокинонро ба напардохтани пули барқ ва истифодаи ғайрисарфакоронаи он айбдор мекунанд. Вале аҳолӣ мегӯянд, бо он артиши бузурги нозирони “Барқи Тоҷик” напардохтани пули барқ имкон надорад, чунки сими барқи хонаҳои қарздорро бидуни ягон қайду шарт зуд мебуранд. Аҳолӣ ҳамчунин аз “Барқи Тоҷик” гила мекунад, ки дар шароите ки мардуми Тоҷикистон худ камбуди барқ дорад, нирӯи барқро ба хориҷ ва аз ҷумла ба Афғонистон, ки ҳоло зери султаи Толибон қарор дорад, мефурӯшад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button