ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

6 ТАРМА ДАР РОҲИ ХОРУҒ – ИШКОШИМ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 1 март дар роҳи Хоруғ – Ишкошим якбора 6 тарма фаромада, ин роҳро барои ҳаракати нақлиёт як муддат масдуд кардааст.

Аз ҷумла соати 15:30 дар километрҳои 42, 43 ва 48–уми ин роҳ дар ҳудуди ҷамоати ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим 3 тарма фаромадааст. Ҳамин тавр, 3 тармаи дигар дар километрҳои

7, 8 ва 24–уми роҳи Хоруғ-Ишкошим дар ҳудуди деҳаи Пиши ҷамхати ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон фаромадааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, кормандони вазорати нақлиёт бо истифода аз техникаи махсусро роҳро аз тарма тоза карданд ва дар пайи рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳи Хоруғ – Ишкошим  аз сар гирифта шудааст.

Ин ниҳод қаблан хабар дода буд, ки рӯзҳои наздик дар роҳҳои кӯҳистонии вилоятҳои Хатлону Суғд, қисмати ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ хатари фаромадани тармаҳо ва сангрезӣ баланд боқӣ мемонад.

Барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳҳои кӯҳистон ва расондани ёрии оҷил дар ҳолатҳои фавқулодда дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ ҳайъатҳои дидбонии воҳидҳои зудамалаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амал мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз манотиқи осебпазир ва минтақаҳои хатарнок инчунин аз чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд. Кумита аз сокинон ҳамчунин хостааст, ки дар минтақаҳои тармахез аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button