АфғонистонВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

АМРИКО БО ХАРҶИ 745 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ОМОН ДАР РОМИТ МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ СОХТААСТ (5 АКС)

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки  ин сафорат бо харҷи 745 ҳазор доллар барои ОМОН, як воҳиди вижаи ВКД Тоҷикистон, маркази таълимии нав сохтааст.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин марказ дар дараи Ромит бино шудааст.

Ахиран сафири Амрико дар Душанбе Ҷон Марк Поммершайм ва муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким дар маросими супоридани ин Маркази таълимӣ иштирок кардаанд. Маркази таълимии ОМОН аз бинои дуошёна иборат аст, ки утоқҳо, синфхонаҳо ва манзилҳои муваққатиро дар бар мегирад.

Лоиҳаи маркази таълимӣ барои ОМОН аз ҷониби Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир маблағгузорӣ шуда, тавассути Бахши ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА амалӣ карда шуд. Аз соли 2007 ба то инҷониб, дар чаҳорчӯби барномаи мубориза бо маводди мухаддир, аз тарафи Амрико ба Тоҷикистон беш аз 155 миллион доллар кумак ироа шудааст, ки он васоити нақлиёт, таҷҳизот ва бозсозӣ ё бунёди посгоҳҳои сершумори марзиро дар бар мегирад.

Қабл аз ин, 30 июли соли 2021 Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир таъмири посгоҳи сарҳадии Тахти Сангинро ба маблағи 570 000 доллар анҷом дод. Дар посгоҳи марзии “Дарқад”-и вилояти Хатлон низ бо кумаки молиявии Амрико як барномаи бозсозӣ оғоз шудаст, ки дар давоми як сол анҷом хоҳад ёфт.

Амрико яке аз бузургтарин кумакрасонҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, тайи 30 сол ба ин кишвари собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллар кумакҳои билоиваз расондааст.

Як бахши умдаи кумакҳои Амрикоро кумакҳо ба мақомоти амниятии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Аз соли 1992 то инҷониб Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак кардааст. Ин кумак аз омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст. Мақомот ин ёриҳои Амрикоро барои тақвияти тавонмандиҳои давлат дар амри муқобила бо таҳдидҳое, чун терроризму тундгароӣ муҳим мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button