ВидеоИқтисодҶанг дар Украина

ҚУРБИ РУБЛ БА ЗАМИН ЗАД: БАРОИ 1000 РУБЛ ҲАМАГӢ 98-100 СОМОНӢ МЕДИҲАНД

Рӯзи душанбе, 28 феврал, қурби рубли Русия дар муқобили тақрибан тамоми асъори хориҷӣ шадидан ба замин зад. Субҳи 28 феврал қурби доллару евро дар муқобили рубл рекорди таърихӣ гузошта, мутаносибан ба 118 ва 133 рубл наздик шуд. Нимаи рӯз қурби рубл як каме “ором шуд”, вале он ҳам дар ҳудуди 100 рубл барои як доллар.

Субҳи 28 феврал қурби рубл дар бозори Тоҷикистон низ якбора беш аз 30% у коҳиш ёфт. Дар биржа 1000 рубл 115 сомонӣ қурб дорад, вале бонкҳо барои 1000 рубл ҳадди аксар то 100 сомонӣ медиҳанд. “Эсхата”, барои мисол, ба муштариёнаш дар ивази 1000 рубл 100 сомонӣ пешниҳод мекунад, вале “Сбербанк”  – ҳамагӣ 98 сомонӣ. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш қурби 1000 сомонӣ расман 136, 4 сомонӣ ва 23 феврал, яъне ҳамагӣ як рӯз пеш аз шурӯи “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украина 1000 рубл 149 сомонӣ арзиш дошт.

Мавҷи охирини уфти башиддат, ё ба истилоҳи мардум, ба замин задани қурби рубл дар ҳолест, ки инак 5 рӯз боз дар Украина ҷангҳо идома доранд ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди аз шабакаи СВИФТ хориҷ кардани як идда аз бонкҳои умдаи Русия ба тавофуқ расиданд.  Берун кардани бонкҳои Русия аз ин шабакаи оламгир, ки интиқоли зуду амни пулҳоро байни бонкҳо таъмин мекард, зарбаи аз ҳама ҳассосу ҷиддӣ ба низоми молиявии Русия дар байни таҳримотест, ки тайи чанд рӯзи ҳамлаи нирӯҳои артиши Русия ба хоки Украина ба зидди Маскав ҷорӣ карданд.

Беқурб шудани пули Русия ба сатҳи даромадани миллионҳо муҳоҷири корӣ, аз ҷумла беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик ва ҳамчунин ба сатҳи зиндагии оилаҳои ин муҳоҷирон, ки манбаи асосии даромадашон пулҳои аз Русия ирсолшуда буд, зарбаи зиддӣ мезанад.

Иқтисоддонҳо бар инанд, ки агар музокироти сулҳи байни Русияву Украина, ки рӯзи 28 феврал оғоз ёфт, комёб нашавад ва ҷангҳо дар Украина ва ба далели он, эъмоли таҳримоти боз ҳам сангинтар ба зидди Русия давом ёбад, қурби рубл ҳамчунон беист ба замин задан мегирад ва 630 миллиард доллар захираҳои тиллову асъори Русия ҳам рублро наҷот дода наметавонанд. Дасти кам дар кӯтоҳмуддат.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button