ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҶАНГИ УКРАИНА: ИДОМАИ ҶАНГҲО ВА ОМОДАГӢ БА МУЗОКИРОТ (ОХИРИН ХАБАРҲОИ СУБҲИ 28 ФЕВРАЛ)

  • Тақрибан соати чори субҳи 28 феврал  ба вақти Киев нирӯҳои Русия дубора ба тирборони пойтахти Украина ва Харков, дуюмин шаҳри бузурги ин кишвар сар карданд. Шаҳрдории Киев хабар дод, ки соати 8 мағозаҳои хӯрокворӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор медароянд, вале қаторҳои метро камтар ҳаракат мекунанд. Аз сокинони Киев хостаанд, ки бидуни зарурат ба кӯча набароянд, чунки ҷангҳо тақрибан дар ҳама гӯшаҳои шаҳр идома доранд.
  • Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 27 феврал фармон дод, ки силоҳҳои ҳастаии Русияро ба “режими махсуси навбатдории ҷангӣ” гузаронанд.  Путин гуфт, ин иқдом дар посух ба “суханони пархошҷӯёнаи роҳбарони НАТО” гирифта мешавад.
  • Вазорати мудофиаи Русия бори аввал талафоти ҷангии тарафи худро эътироф кард, вале ягон рақам наовард. Вазорати мудофиаи Украина гуфт, тайи чор рӯзи аввали ҷангҳо тахминан 4300 нафар аз нерӯҳои Русия кушта ё захмӣ шудаанд.
  • Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, аз аввали ҷангҳо аз тарафи Украина 352 нафар ба ҳалокат расида, 1684 нафар захмӣ шуданд.
  • Иттиҳоди Аврупо ба УКраина ба маблағи 450 миллион доллар силоҳҳои ҷангӣ медиҳад. Дар таърихи Иттиҳоди Аврупо ин бори аввал аст, ки ин созмон ба як кишвари ҷангзада чунин ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин бархе кишвраҳои узви Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ки ба Украина ҳавопаймоҳои ҷангӣ медиҳанд.
  • Рӯзи 27 феврал дар тазоҳуроти зидди ҷанг дар Русия беш аз 2700 нафар ва дар Беларус дастикам 545 нафар дастгир шуданд.
  • Субҳи 28 феврал дар соҳили дарёи Припят дар марзи Украина бо Беларус нахустин музокироти Украинаву Русия оғоз меёбад. Дар ин бора президентҳои Украина ва Беларус рӯзи 27 феврал ба тавофуқ расиданд. Давид Арахамия, раҳбари ҳизби “Слуга народа” (“Хидматгори халқ”), ки дар ин музокирот аз Украина намояндагӣ мекунад, дар Фейсбук навишт: “Музокирот бояд ё бо самти барои Украина лозим пеш бираванд ваё мисли киштии ҷангии Русия”. Дар майдони шарҳҳо ӯ афзуд: “Мо пешниҳодро гӯш мекунем. Сипас баррасӣ мекунем, ки арзиш доранд ё на?”
  • https://www.facebook.com/david.braun.50951/posts/10209364143418002
  • Қурби рубли Русия субҳи 28 феврал нисбат ба доллару евро ҳудуди 30% пойин рафта, дар бозори Forex мутаносибан ба 113,5 рубл барои як доллар ва 127 рубл барои як евро расид, ки қурби дар таърих бесобиқа ба шумор меравад. Субҳи барвақти 28 феврал қурби евро ба 133 рубл ва доллар ба 118 рубл наздик шуда буд.
  • Иттиҳоди Аурупо аз 28 феврал ҳарими ҳавоияшро барои ҳавопаймоҳои Русия пурра баст. Дар санад гуфта мешавад, ки ҳама гуна ҳавопаймоҳое, ки ба Русия, ширкатҳои русӣ ваё ҳатто ба шаҳрвандони Русия тааллуқ доранд, ҳаққи нишастану парвоз кардан ва ҳатто гузаштан аз ҳарими ҳавоии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро надоранд.
  • Роҳбари “ДНР” Денис Пушилин субҳи 28 феврал дар деҳаи Павлопол дар наздикии Мариупол ҳадафи тирборон қарор гирифт. Бино ба хабарҳо, ӯ осеб надидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button