ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ НОҲИЯИ ШОҲИН БАРОИ ДУЗДӢ АЗ ХОНАИ ҲАМСОЯ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати дуздӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, ба ШВКД ноҳияи Ш.Шоҳин бо ариза марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи феврали соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 6 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, далелӣ шайъӣ гирифта шуд. Ба ӯ акнун бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button