ВидеоМуҳоҷиронФарҳангЧеҳраҳо

ВАТАН, ДАР СОЯИ САНГАТ БИМИРАМ… ШОИРИ ТОҶИК ЗУБАЙДУЛЛОҲИ АМОНДУЛЛОҲ ДАР ҒАРИБӢ ҶОН ДОД

Аз хоки Ватан дур ба дил ёди Ватан бурд,

Аз боди Ватан дур ба дил боди Ватан бурд.

Рӯзе, ки ба ғурбаткада овард хаёлаш,

Ларзон нафасаш аз дили ӯ доди Ватан бурд…

Муаллифи ин сатрҳо шоири ғариби тоҷик Зубайдуллоҳи Амондуллоҳ (Зубайдулло Ҷомаҳмадов), билохира дар мулки ғарибӣ ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар ҷумҳурии Ёқутистони Русия қарор доштанаш, аз олам чашм пӯшид. Иллати марги шоир гуфта нашудаст.

Зубайдуллоҳи Амондуллоҳ  1- уми октябри соли 1966 дар деҳаи Марғедари ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба олам омадааст.

Ӯ соли 1991 Донишгоҳи техникии ба номи Абурайҳони Берунии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо ихтисоси муҳандиси конҳои зеризаминӣ хатм карда, чанд сол дар кони мармари Тиллогул чун муҳандис кор карда, сипас дар зодгоҳаш омӯзгори тайёрии ҳарбӣ буд.

Зиндагӣ ӯро водор намуд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Аз соли 2002 дар конҳои тилло ва сурмаи Сарилах, Хангалас, Тиллокобӣ, Айхал ва Интери Ҷумҳурии Ёқутистони Русия ба ҳайси муҳандис  кор мекард.

Бо онки Зубайдуллоҳи Амондуллоҳ муҳандис буд ва касбу кораш ҳам техникӣ, вале ба шеъру адабиёт алоқаи зиёд дошт. Аз ӯ 5 китоби шеър бо номҳои «Тулуъи оташранги меҳр» (2009), «Рози танҳоӣ» (2012), «Хокистар ва оташ» (2014), «Оҳе, ки аз ҷигар» (2016) ва «Гардиши гарде… Таркиши дарде…” (2021)  ба ёдгор монд.

Ба ҳисоби мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, соли 2021 дар хориҷ аз кишвар ва асосан дар Русия 950 тан аз шаҳрвандони тоҷик ба зиндагӣ падруд гуфтаанд.

Зубайдуллоҳи Амондуллоҳ дар як шеъраш чунин мисраъҳо дошт:

Ватан, дар сояи сангат бимирам,

Ватан, дар ҷилваи рангат бимирам...

Фарохо медиҳад пои ғарибӣ,

Ватан, дар домани тангат бимирам.

Вале афсӯс, ки шоир ин орзуву армони худро, ки мурдан дар домани тангу сояи санги Ватан буд, ҷомаи амал пӯшонда натавонист ва на домани Ватану дар сояи санги зодгоҳаш, балки дар фосилаи ҳазорҳо километр дур аз Марғедар, дар мулки сарду қаҳратуни ғурбат ҷон дод…

Худованд равони ин ҳамватани соҳибқаламу ғариби моро шод гардонад!

НАМУНАЕ ЧАНД АЗ АШЪОРИ ЗУБАЙДУЛЛОҲИ АМОНДУЛЛОҲ  

ЁДГОРИ ҒАРИБ

Аз хоки Ватан дур ба дил ёди Ватан бурд,

Аз боди Ватан дур ба дил боди Ватан бурд.

Рӯзе, ки ба ғурбаткада овард хаёлаш,

Ларзон нафасаш аз дили ӯ доди Ватан бурд.

Бори ҳавасаш гашт маломатгари ҳолаш,

Уммед зи ҷавлонгаҳи озоди Ватан бурд.

Ҳамқисмати ғам гашт дар ин гӯшаи дунё,

Қисмат зи дилаш хотираи шоди Ватан бурд.

Аз ғуссаи Ширин кунад ин навҳаву зорӣ,

Ҳиммат раҳаш аз шеваи Фарҳоди Ватан бурд.

То қисмати ғамҳои ғарибон ба ҳам орад,

Дасташ ба қалам бар сари эҷоди Ватан бурд.

МАН ЗИНДААМ ҲАНӮЗ

Бо ёди модарам, ман зиндаам ҳанӯз!

Дар ашки хоҳарам, ман зиндаам ҳанӯз!

Бо панди қиблагоҳ, аз бори раҳ гувоҳ,

Барҷост боварам, ман зиндаам ҳанӯз!

Тифлони бегуноҳ, чашманд сӯи роҳ,

Бо шамси ховарам, ман зиндаам ҳанӯз!

Сарсону саргарон, дур аз Ватан ба ҷон,

Бо ишқи ҳамсарам, ман зиндаам ҳанӯз!

Шуд ҷустуҷӯи Ҳақ, бар ҳақталаб сабақ,

Бо меҳри кишварам, ман зиндаам ҳанӯз!

Яъне Зубайдулоҳ, дил бастаам ба оҳ,

Бо байти дафтарам, ман зиндаам ҳанӯз!

ҲОҶАТ НАБУД

Дил фаро додан ба ёри бевафо ҳоҷат набуд,

Он ки ӯро нест дар дил меҳри мо, ҳоҷат набуд.

Бебало биншастани аҳли тариқат давлат аст,

Нози чашмашро шаҳиди сад бало ҳоҷат набуд.

Суҳбати ёрон ғанимат, ё газофи ҳарзагӯ?

Дида во кардан ба сӯи ҳар намо ҳоҷат набуд.

Гар гадоӣ мекунӣ аз оразаш баҳри сафо,

Кӯчааш саг дошт, рафтан бе асо ҳоҷат набуд.

Эй, ки медидӣ чӣ оташ дошт сӯзи ишқи ӯ,

Чанд аз сӯзи ҷигар гаштан адо ҳоҷат набуд.

Ҷонам, аз ҳарфи Зубайдуллоҳ, насиҳат гӯш дор,

Чун ба оташ мекашӣ, бар сар ҳаво ҳоҷат набуд.

ЗИНДА БОШ

Модари раҳинтизорам, зинда бош!

Дилбари шабзиндадорам, зинда бош!

Қиблагоҳам, пуштбони рӯҳи ман,

Хоҳари дилбеқарорам, зинда бош!

Додарам, эй даст бар кору амал,

Нақшбанди «дил ба ёр»- ам, зинда бош!

Дурӣ кай хоҳам зи ёрон дар Ватан,

Эй дили уммедворам, зинда бош!

Тоҷикистон, ифтихорам номи туст,

Ному шаъну эътиборам, зинда бош!

Васф месозад, Зубайдуллоҳ, туро,

Гулшани доимбаҳорам, зинда бош!

БО МАН БУД

Он ёри парешонам бе ман буду бо ман буд,

Он Зуҳраи рахшонам бе ман буду бо ман буд.

Дар гӯшаи танҳоӣ, мо бе худу савдоӣ,

То дилбари пазмонам бе ман буду бо ман буд.

Ӯ дида ба сӯи ман, ман дида ба сӯи ӯ,

Дар дидаи ҳайронам бе ман буду бо ман буд.

Аз васлу вафо мегуфт, аз нуру сафо мегуфт,

Имшаб маҳи тобонам бе ман буду бо ман буд.

Аз ҳаҷр намегӯям, ӯ буд ба паҳлӯям,

Аз шавқ санохонам бе ман буду бо ман буд.

Кай гуфт Зубайдуллоҳ, аз дуриву ранҷи роҳ?

Гар дур яқин донам, бе ман буду бо ман буд.

КАМ АСТ

Туро олиҳаи ҳусну вафо гуфтам, кам аст, эй гул!

Туро ганҷинаи сидқу сафо гуфтам, кам аст, эй гул!

Ба ҳоли худ намедонам, агар бинам ба дидорат,

Аҷаб гуфтам, аҷаб ҳусни расо гуфтам, кам аст, эй гул!

Худо гуфтам, ки боз оиву кори васл ороям,

Туро аз юмни Ҳақ доди Худо гуфтам, кам аст, эй гул!

Маро кофист дидори ту, изҳори ту бар ишқат,

Туро кони карам, бори сахо гуфтам, кам аст, эй гул!

Ҷавонӣ меравад рӯзе, баҳои комронӣ чист?

Маро додӣ ба сар чандин ҳаво, гуфтам, кам аст, эй гул!

Ту он ангезаи ҷонӣ, Зубайдуллоҳ чӣ медонад?

Балоят гар ба ҷони мубтало гуфтам, кам аст, эй гул!

БИМИРАМ

Ватан, дар сояи сангат бимирам,

Ватан, дар ҷилваи рангат бимирам.

Сарафрозист кори ҷумла мардон,

Ба ному ору бо нангат бимирам.

Фарохо медиҳад пои ғарибӣ,

Ватан, дар домани тангат бимирам.

Шудам муштоқи сангу обу обу хокат,

Ба ҳусну талъати шангат бимирам.

Ҳавоям медиҳад шаббодаи ту,

Ба шеъру савту оҳангат бимирам.

Зубайдуллоҳ ба дил сайқал наомад,

Ватан, афзо, ки дар зангат бимирам.

ДОШТАМ

Рӯзгоре буд, ки ҷо дар кӯи модар доштам,

Сар ба нози дил сари зонуи модар доштам.

Оламеро хуш намедидам ба ин паҳноварӣ,

Сарфарозиҳо чу дар паҳлӯи модар доштам.

Як қадам берун набуд аз остонаш пои ман,

Қиблае меҷустам, рӯ сӯи модар доштам.

Ҳар киро гар фахр буд аз шамсу моҳи осмон,

Ман, валекин нурҳо дар рӯи модар доштам.

Сарбаландӣ доштам, то буд модар дар барам,

Меҳри модар, дидаи дилҷӯи модар доштам.

То Зубайдуллоҳ шудам, аз шукри Ҳақ будам ба лаб,

Гӯш бар панди лаби ҳақгӯи модар доштам.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button