ВидеоҶомеа

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР ГИРДГАШТИ ЧУМЧУҚАРАЛ

Рӯзи 24 феврал, тахминан соати 15, дар гирдгашт ё ҳалқаи минтақаи Чумчуқарали шаҳри Хуҷанд як мошини “Мерседес” ба мошини “Лабо” бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама ронандаи “Лабо” Раҳим Орипов ва модари 52солааш, ки аз қазо он рӯз дар мошини писараш буд, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд ва ҳардуро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Дар сари чанбари фармони “Мерседес” хонуме бо номи Фотима буда, ба гуфтаи шоҳидон, ӯ ба сабаби суръати баланд ва вайрон кардани қоидаи ҳаракат  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ баромада натавониста, ба бархӯрд бо мошини “Лабо” роҳ додааст.

Раҳим Орипов мегӯяд, ки ронандаи “Мерседес” бояд аввалан ба воситаҳои нақлиёте, ки аз роҳи асосӣ ҳаракат доштанд, роҳ медод. Аз тарафи дигар, ӯ бояд дар гирдгашт бо суръати паст ҳаракат мекард, вале суръати “Мерседес”, ба тахмини ҷабрдида, 70-80 будааст.

Ҷониби ҷабрдида мегӯяд, ки модару писар инак ду рӯз боз дар бемористонанд, вале ронандаи “Мерседес” ҳатто ба аёдаташон наомадааст. То кунун ҷабрдидаҳо худашон пули табобаташон пардохт карда истодаанд.

Дар Тоҷикистон, ки низоми суғурта хеле фалаҷ ва нобакор боқӣ мемонад, то ҳол дар сурати сар задани садамаҳо бар асоси тавофуқи тарафайн, тарафи гунаҳкор пули табобати тарафи ҷабрдида ва ҳамчунин пули тармиму таъмири мошини ҷабрдидаро ба дӯши худ мегирад.

Дар иваз дар бисёр мавридҳо  тарафи ҷабрдида аз даъвои худ мегузарад ва қазияҳои марбут ба садамаҳо дар бисёр мавридҳо ба додгоҳ норасида, бар асоси тавофуқи тарафайн ҳаллу фасл мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button