ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

КИЕВ АЗ ҲАЛОКАТИ 198 НАФАР АЗ СӮИ УКРАИНА ВА 2800 КУШТАЮ ЗАХМӢ АЗ НЕРӮҲОИ РУСИЯ ХАБАР ДОД (ВИДЕО)

ДИҚҚАТ! Тавассути манобеи дигар санҷидани дурустии маълумоти мақомоти ҳарбии Русияву Украина дар бораи талафот  ва пешравиҳояш дар майдони ҷанг имкон надорад.

Вазири тандурустии Украина Виктор Ляшко рӯзи 26 феврал дар Фейсбук хабар дод, ки аз оғози ҳамлаи ҳарбии Рувсия аз ҷониби Украина 198 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак ба ҳалокат расида, 1115 нафар, бо шумули 33 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.

Ҷониби Русия дар бораи талафоти худ то кунун ягон иттилои расмӣ надодааст, вале вазорати мудофиаи Украина нимаи дуюми рӯзи 25 феврал хабар дод, ки тайи ду рӯзи ҳамлаи нирӯҳои Русия нирӯҳои Украина 2800 аскару афсар, то 80 тонк, 10 ҳавопаймо ва 7 чархболи артиши Русияро нобуд кардаанд.

Намояндаи расмии вазорати мудофиаи Русия генерал-майор Игор Конашенков субҳи 26 феврал хабар дод, ки шаби гузашта нирӯҳои Русия 821 иншооти ҳарбии Украина, аз ҷумла 14 фурудгоҳи ҳарбӣ, 19 бунгоҳи фармондеҳию алоқа, 24 шабаки мушакии С-300 ва «Оса», 48  истогоҳи радиолокатсиониро аз байн бурдаанд. Бино ба иттилои вазорати мудофиаи Русия, нирӯҳои ДНГ ба самӣи Новомайское 6 километри дигар пеш рафта, нирӯҳои ЛНР боз 30 километри дигар пештар рафта, деҳаҳои Бахмутовка ва Гречишкиноро ишғол кардаанд.

Вале комёбии аз ҳама муҳими нирӯҳои Русия субҳи 26 феврал ба дасти онҳо гузаштани шаҳри Мелитопол дар ҷануби вилояти Запорожйе ба ҳисоб меравад. Мелитопол то имрӯз бузургтарин шаҳрест, ки нирӯҳои Русия баъди ҳуҷумашон ба Украина ишғол карданд.

Ва аммо президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 26 феврал изҳор дошт, ки дар умум ба артиши Русия муяссар нашуд, ки ба блитскриг, яъне ишғоли зуду осону марказҳои муҳими Украина ноил шуда, бартариро дар ҷабҳаҳои ҷанг ба даст биорад.

“Мо тавонистем муқовимат нишон дода, ҳамлаҳои душманро зада баргардонем. Ҷангҳо дар шумори зиёде аз шаҳру минтақаҳои кишвар идома дорад. Киев ва шаҳрҳои калидии атрофи пойтахт дар дасти артиши мо қарор доранд. Ишғолгарон мехостанд пойтахти моро ба даст оварда,  дар инҷо, ба мисли Донетск, лӯхтакҳои худро ба курсии қудрат бишинонанд. Вале мо нақшаҳои онҳоро барбод додем. Онҳо ҳатто ба бартарии андаке бар болои мо даст наёфтанд”, – изҳор дошт Зеленский.

Шаҳрдори Киев, собиқ қаҳрамони бокси ҷаҳон Виталий Кличко дар як паёми видеоӣ гуфт, ҳарчанд шаб дар пойтахт ба сахтӣ пушти сар шуд, вале нирӯҳои Русия вориди шаҳр шуда натавонистанд.Ӯ гуфт, нирӯҳои Русия аз самти Житомир ва Гостомел талоши вуруд ба Киевро карданд, вале пеши роҳи онҳоро гирифтанд. Кличко вале ҳушдор дод, ки дар дохили шаҳр гуруҳҳои диверсионӣ роҳ ёфтаанд. Ба гуфтаи шаҳрдори Киев, то соати шаши субҳи 26 феврал, дар натиҷаи тирпаррониҳо байни ҳомиёни Киев ва диверсантҳои рус 35 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак захмӣ шуданд. Кличко гуфт,  дар шаҳр посгоҳҳо ташкил карда мешаванд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр кор мекунад, вале ба истиснои хатти сурхи метро, ки онро ба паноҳгоҳ табдил додаанд.

Нирӯҳои Русия субҳи барвақти 24 феврал аз самти Донбасс, Беларус, Қрим ва баҳри Сиёҳ ба қаламрави Украина ҳамла карданд.

Субҳи 26 феврал хабар расид, ки президентҳои Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский баъди ду рӯзи ҷангҳои пурқурбонӣ барои музокирот розӣ шудаанд. Шоми 25 феврал вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дода буд, ки гӯё Киев пешниҳоди Путин барои дар Минск доир кардани музокиротро рад кардааст ва Зеленский ба  ҷои Минск Варшаваро ҳамчун макони гуфтугӯ пешниҳод кардааст.

Вале Сергей Никифоров, сухангӯи президенти Украина дар Фейсбук гуфт, ҷониби Украина барои музокирот омода аст ва дар ҳоли ҳозир тарафҳо масъалаи макон ва замони музокиротро  машварат карда истодаанд. “Иддаоҳо дар бораи гӯё аз музокирот даст кашидани моро бояд рад кунам. Украина барои гуфтугӯ пиромуни эълони оташбас ва мусолиҳа омода буду ҳаст. Ин мавқеи доимии мост. Мо ба пешниҳоди президенти Русия розӣ шудем. Дар ҳоли ҳозир тарафҳо масъалаи макон ва замони музокиротро  машварат карда истодаанд. Музокираҳо ҳар қадар зудтар сар шаванд, имкони барқарор кардани ҳаёти оддӣ ҳамон қадар бештар хоҳад буд”, – навиштааст Никифоров.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button