ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ ТРАКТОР ДАР ТАНГКӮЧАИ ПОМИРИ ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки 25-уми феврали соли 2022, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи трактори тамғаи «МТЗ-2857», Ситамов Нодирхон Сафарович, соли таваллудаш 1978, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти зеркӯчаи Помир ба самти кӯчаи Помири ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Ҳалимов Мустафо Ҷамшедович, соли таваллудаш 2020, сокини кӯчаи мазкурро пахш намудааст. Мутаассифона, дар натиҷа, хурдсол, Ҳалимов М.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Милитсияи Душанбе ахиран хабар дод, ки дар тӯли соли 2021 дар кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар  дар 242 садамаи нақлиётӣ 33 нафар ҳалок гардида, 254 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. РВКД Душанбе гуфт, ҳарчанд ин омор дар муқоиса бо минтақаҳои дигари кишвар камтар аст, вале тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 барои мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шавад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Мутаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдаконанд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Дар фасли зимистон хатари садамаҳо дар роҳҳо боз ҳам бештар мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button