ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҲАБСИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ДОДУ ФИҒОН ВА РАҚСИДАНАШ ДАР БОЛОИ “БМВ”

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  рӯзи 26 феврал хабар дод, як сокини ҷавони деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзобро барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва доду фиғон карданаш дар болои мошини “БМВ” ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Сулаймонов Шамшод Бахтиёрович, санаи таваллудаш 22.01.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, деҳаи Чорбоғ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
 “Номбурда санаи 24-уми феврали соли ҷорӣ тахминан соати 18:00 дақиқа ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш ба болои автомашинаи тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатиаш 1001ОР01 баромада, бо овози баланд доду фиғон намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии атрофиёнро халалдор сохтааст. Ҳамзамон ин амали худро намоишкорона ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст, ки боиси вокунишҳои манфии истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ гардидааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахт.

Аммо пиромуни сабаби дар болои мошинаш рақсидани ин ҷавон мақомот чизе намегӯянд.

Танҳо гуфта мешавад, ки “вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сулаймонов Шамшод тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button