ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

БАЪДИ ДУ РӮЗИ ҶАНГ РУСИЯВУ УКРАИНА БА ОҒОЗИ МУЗОКИРОТ РОЗӢ ШУДАНД (ВИДЕО)

Президентҳои Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский барои музокирот розӣ шудаанд. Шоми 25 феврал вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дода буд, ки гӯё Киев пешниҳоди Путин барои дар Минск доир кардани музокиротро рад кардааст ва Зеленский ба  ҷои Минск Варшаваро ҳамчун макони гуфтугӯ пешниҳод кардааст.

Вале Сергей Никифоров, сухангӯи президенти Украина дар Фейсбук гуфт, ҷониби Украина барои музокирот омода аст ва дар ҳоли ҳозир тарафҳо масъалаи макон ва замони музокиротро  машварат карда истодаанд.

 “Иддаоҳо дар бораи гӯё аз музокирот даст кашидани моро бояд рад кунам. Украина барои гуфтугӯ пиромуни эълони оташбас ва мусолиҳа омода буду ҳаст. Ин мавқеи доимии мост. Мо ба пешниҳоди преҳиденти Русия розӣ шудем. Дар ҳоли ҳозир тарафҳо масъалаи макон ва замони музокиротро  машварат карда истодаанд. Музокираҳо ҳар қадар зудтар сар шаванд, имкони барқарор кардани ҳаёти оддӣ ҳамон қадар бештар хоҳад буд”, – навиштааст Никифоров.

Дар ҳамин ҳол, вазоратҳои мудофиаи Русия ва Украина дар бораи натиҷаҳо ва талафоти тарафҳо дар ду рӯзи аввали ҷанг рақамҳои комилан мухталиф нашр карданд.

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки нирӯҳои Русия миқдори зиёди аслиҳае, ки Украина моҳҳои ахир аз кишварҳои Ғарб гирифта буд, тасарруф кардаанд. “Дар байни ин ғаниматҳо аз ҷумла шабакаҳои мушакии зиддитонкии амрикоии «Javelin» ва шабакаҳои британии «NLAW» низ ҳастанд”, – гуфта мешавад дар гузориши ҳарбиёни рус.

Вазорати мудофиаи Русия  ҳамчунин хабар дод, ки нирӯҳояш 211 иншооти ҳарбии Украина, аз ҷумла 17 бунгоҳи фармондеҳи ва алоқа, 19 шабакаи мушакии зиддиҳавоии С-300 ва «Оса», 39 истгоҳи радиолокатор, 6 ҳавопаймои ҷангӣ, як чархбол, 87 мошини ҷангиро нобуд сохта, шаҳрҳои Суми ва Конотопро муҳоҷира гирифтаанд. Ҳамзамон, нирӯҳои ҷудоиталаби ЛНР 21 километр пеш рафта, минтақаи аҳолинишини Трёхизбенкаро ишғол кардаанд. Нирӯҳои ДНР бошад, 25 километр пеш рафта, ба Волноваха наздик шудаанд.

Ҷониби Украина эътироф кардааст, ки ҷангҳо дар наздикии пойтахти ин кишвар, шаҳри Киев ҷараён доранд. Зеленский дар паёми видеоияш гуфт: “Пойтахтро набояд аз даст дод”.

Вазорати мудофиаи Украина нимаи дуюми рӯзи 25 феврал хабар дод, ки аз оғози ҳамлаи нирӯҳои Русия то соати 15 рӯзи 25 феврал нирӯҳои Украина 80 тонк, 10 ҳавопаймо ва 7 чархболи артиши Русияро нобуд кардаанд. Ба ҳисоби ҳарбиёни Украина, дар ду рӯз ҳудуди 2800 нафар аз аскарону афсарони артиши Русия кушта шудаанд.

Санҷидан ва тасдиқи дурустии маълумоти мақомоти ҳарбии Русияву Украина тавассути манобеи дигар имкон надорад.

Ҷониби Русия дар бораи талафоти худ то кунун ягон иттилои расмӣ надодааст. Ҷониби Украина қаблан хабар дод, ки дар рӯзи аввали ҷанг аз ҷониби украиниҳо 137 нафар кушта ва 316 нафари дигар захмӣ шуданд.

Нирӯҳои Русия субҳи барвақти 24 феврал аз самти Донбасс, Беларус, Қрим ва баҳри Сиёҳ ба қаламрави Украина ҳамла карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button