ВидеоДин ва боварҳоНуқтаи назар

АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ: ЗАРДУШТӢ НЕСТАМ, МУСАЛМОНАМУ РӮЗА МЕГИРАМ, ВАЛЕ… (ВИДЕО)

Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор), журналисти тоҷик ва мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ, ки бо баҳсҳои тунду зиддунақизаш пиромуни масоили гуногун, аз ҷумла масоили динӣ, ном баровардааст, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо канали “Зира Медиа” дар бораи шахсиятҳои мазҳабие, чун Махдуми Исмоил, Ҳоҷӣ Мирзо, бародарон Тӯраҷонзодаҳо изҳори назар кард, гуфт, мусалмон аст,  рӯза мегирад ва пеш намоз мехонд, вале ҳоло намехонад. Ӯ ҳамчунин  иддао кард, ки аксари шоирони классике, ки дар бораи май ғазалу қасида навиштаанд, худашон низ май менӯшиданд.

Дар посух ба ин суоли журналист Далери Имомалӣ, ки пурсид, назари шумо чист ба ин фикр, ки мегӯянд, май  гуфта Хайём Худоро дар назар дошту майхона ташбеҳе аз масҷид аст?, Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт: “Ман ба ин назарам, ки дар тӯли ин 10 аср, аз бобои Рӯдакӣ то Шоҳину Туғрал 99,9 фоизаш менӯшид. Манзури Ҳофиз дар аксари абёташ дар бораи шароб шароби воқеӣ аст.

Ҳазрати Ҳофиз якҷо мегӯяд:

Агар имоми ҷамоат суроғ кунад имрӯз,

Хабар диҳед, ки Ҳофиз ба май таҳорат кард

Ё Ҳазрати Саъдӣ мегӯяд:

Май ҳалол аст касеро, ки бувад хонабиҳишт,

Хоса аз дасти ҳарифе, ки ба Ризвон монад.

Май, ки бадном кунад аҳли хирадро, ғалат аст,

Балки май мешавад аз суҳбати нодон бадном.”

Абдуқодир Талбаков дар суҳбаташ аз Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода тавсиф кард ва ёдовар шуд, ки дар давраи мудири радиои Тоҷикистон буданаш бо садои Махдуми Исмоил “Маснавии маънавӣ” ва осори Рӯдакиро барои хазинаи тиллоии радио сабт кард. “Аммо Ҳоҷӣ Мирзо дар сатҳи Махдуми Исмоил нест. Донишманд аст, вале заминаи маърифатиаш заифтар аст. Китобҳои адабӣ, таърихӣ ва аз осори ниёгон камтар хондааст”, гуфт  Талбаков.

Ӯ ҳамин тавр, аз байни Тӯраҷонзода Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро “беҳтарину донишмандтарин” ном бурд ва гуфт, дар баробарии саводи динӣ, зиракии сиёсии ӯро  ҳам эътироф мекунад.

“Вақте як чашмаки ӯ тамоми Тоҷикистонро сӯзонид, вале сараш ба бод нарафт, кушта нашуд, боз баргашт, дар давлат кор кард ва мавқеаш боз дар ҷомиа устувор кард. Ин нишонаи чист? Нишонаи дониш, хирад ва зиракии сиёсӣ!”  гуфт Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо, ба назари ӯ, рӯҳониёни бештар анъанавианд ва ба Ҳоҷӣ Акбар баробар намеоянд.

Абдуқодир Талбаков, ки дар матлабҳояш ба риши рӯшониён ҳам зиёд “мечаспад”,  дар мусоҳибааш бо “Зира Медиа” гуфт, ки ҳоло ба синни 55 расидааст, вале қасд дорад, ки баъди ба нафақа баромадан риш бигузорад: “Устоди ман Сайф Раҳим аст ва ман ҳам орзу дорам, ки баъди 60солагӣ як риши эҷодкорона, як риши зиёӣ дошта бошам. Вале дароз не, балки мисли риши устод Айнӣ. Ба қавли домуллоҳо, як такум.”

Абдуқодир Талбаков гуфт, бо вуҷуди мавҷи интиқодҳое, ки ба сараш фурӯ мерезанд, фарзанди мусалмон аст, ҳар сол рӯза мегирад ва пеш намоз ҳам мехонд. Ӯ афзуд, “Зардуштӣ нестам, вале Зардуштпарастам ва дар оянда ҳам аз таблиғи дини Зардушт даст намекашам, чунки ин  ойини бобоёни мост”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button