ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ШУМОРАИ ВАКСИНАГИРИФТАҲО ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 5 МИЛЛИОН ГУЗАШТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки то 23 феврал 5 миллиону 8 ҳазору 284 нафар, ё 89,4%  аз шаҳрвандони калонсоли ҷумҳурӣ дастикам як вояи ваксинаи зидди коронавируси нави  навъи COVID-19 гирифтаанд. Аз ин шумор 4 миллиону 288 ҳазору 826 нафар, ё 76,6% аз ҷамъи шаҳрвандони болиғ аз синни 18 ду вояи ваксинаи зиддикоронавирусро гирифта, 315 ҳазору 476 нафар алакай вояи сеюми ваксинаро гузарондаанд, хабар дод рӯзи 25 феврал хабаргузории давлатии “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти вазорати тандурустӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинаро як роҳи аз ҳама муассир ва илман исботшудаи пешгирӣ аз густариши боз ҳам бештари пандемия мешуморанд ва  ваксина гирифтан аз коронавирусро барои тамоми аҳолии болиғ аз синни 18, ки тақрибан 5,8 миллион нафаранд, ҳатмӣ кардаанд. Дар Тоҷикистон ҳоло аҳолиро ба гирифтани вояи сеюми ваксина ташвиқ карда истодаанд.

Тоҷикистон то имрӯз  аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида беш аз 13 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус ба даст овардааст. Ҳамаи ин ваксинаҳо ба Тоҷикистон ба таври ройгон тавассути барномаи КОВАКС дода шудаанд. Ин барномаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ якҷо бо созмонҳои дигари хайрия бо мақсади таъмини дастрасии одилонаи кишварҳои дорою нодор ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст.

Бо ин ҳол, вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 19 феврал ба ин тараф, инак 6 рӯз боз паиҳам хабар медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави  навъи COVID-19 сабт нашудааст.  Бино ба омори расмии вазорат, оғози пандемия то шоми 20  феврал шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 388  нафар расида, аз ин шумор  17 ҳазору 263 нафар, ё наздики 99,3% аз ҷамъи сироятшудаҳо шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.  Ба ин тартиб,  то шоми 24 феврал дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон  ҳамагӣ як нафар аз коронавирус табобат мегирифт. Дар аввали моҳи феврал шумораи чунин беморон дар як вақт то 80 нафар гуфта мешуд.

Мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст.  Вале онҳо низ эътироф мекунанд, ки дар ин авохир  миқёси паҳншавии пандемия хеле коҳиш ёфта, дар бораи вафоти сокинон аз ин вирус тақрибан хабаре ба гӯш намерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button