ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

БАРОЯМ МАНСАБ ЛОЗИМ НЕСТ: ДОРИҒА, ДУХТАРИ КАЛОНИИ НАЗАРБОЕВ ИСТЕЪФО ДОД

Дориға Назарбоева, духтари калонии президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз вакилии Маҷлис, палатаи поёнии парлумони ин кишвар истеъфо дод. Дориға Назарбоева, ки 58 сол дорад ва муддати тӯлонии як вориси эҳтимолии тахту тоҷи падараш шумурда мешуд, дар пасманзари аз арши сиёсии Қазоқистон танг кардани падари як замони пурнуфузаш ва атрофиёни ӯ тарки охирини мақоми давлатиаш кард.

“Имрӯз ман ба қароре омадам, ки ваколати депутати  Маҷлисро супурда, пурра рӯи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва хайрия тамаркуз кунам… Дар оянда ҳам барои кишвраи худ ва манфиатҳои он хидмат хоҳам кард. Ва барои ин мансаб лозим нест”, – гуфтааст Дориға Назарбоева дар муроҷиатномааш.

Як бахши паёми ӯ ба ҳаводиси хунини моҳи январи Қазоқистон бахшида шудааст. Ӯ ин ҳаводисро “як фоҷиаи бузург барои тамоми мардуми мо” номид ва хост, ки “тамоми ончӣ, ки рӯй дод, ба таври фарогир ва воқеъбинона таҳқиқ шуда, дар натиҷаи чунин таҳқиқ, гунаҳкорон ба ҷазои сазовор расонда шуда, бегуноҳон озод карда шаванд.”

Дориға Назарбоева ҳамчунин гуфт, тамоми аҳли Қазоқистон “бояд аз “январи сиёҳ” сабақи талх бардоранд ва тамоми корро ба харҷ диҳанд, то чунин ҳаводис такрор нашавад” “Ин рӯзҳои фоҷиабори пур аз даҳшату тарс нишон доданд, ки оқибати анархия чист?” – таъкид кардааст Дориға Назарбоева дар муроҷиатномааш.

Духтари калонии Назарбоев баъди ҳаводиси моҳи январ ягон бор дар маҳзари ом зоҳир нашуд ва тақрибан ду моҳ боз ба ҷаласаҳои парлумон низ намеомад. Ёвараш мегуфт, ки ӯ аз ҳисоби худ рухсатӣ гирифтааст ва баъди бемории коронавирус давраи барқароршавиро паси сар мекунад.

Рӯзи 28 январ дар анҷумани ҳизби ҳокими Нур Отан роҳбарии ҳизб аз Назарбоев ба дасти президенти кунунӣ Қосим-Жомарт Тоқаев гузашт ва вакилони анҷуман як хайли бузург аз одамони Назарбоев, аз ҷумла духтараш Дориғаро аз Шӯрои сиёсии ҳизб ва ба ин тартиб аз бюрои ин шӯро хориҷ карданд.

Дориға Назарбоева, ки мақоми раиси Сенат, дуюмин мақоми расмӣ дар сохтори давлатии Қазоқистонро ҳанӯз соли 2020 аз даст дод, инак бо истеъфо аз вакилии Маҷлис аз охирин мақоми расмиаш ҳам маҳрум шуд.

Дар аввали моҳи январ якбора ду маротиба боло бурдани нархи гази моеъ сабаби шурӯи эътирозҳое шуд, ки аз ғарби кишвар сар шуда, зуд қариб ҳамаи Қазоқистонро фаро гирифт. Мардум дар баробари талабҳои иқтисодӣ пурра аз қудрат берун кардани Нурсултон Назарбоев ва авлоди ӯро ҳам талаб кард, шиори «Шал, кет!» («Мӯсафед, бирав!»)-ро низ баланд карданд. Назарбоев, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба синни 82 мерасад, аз соли 1989 дар тӯли 30 сол роҳбарии Қазоқистонро дар даст дошт. Ӯ моҳи марти  соли 2019 зоҳиран аз раҳбарии кишвар канор рафт, вале дар асл Тоқаевро ба ҷои худ ба номаш як президенти бе ягон ҳаққу ҳуқуқ гузошта буду дар амал бо ҳифзи чанд мансаби калидӣ дар дастони худ ва нигоҳ доштани одамонаш дар тақрибан ҳамаи мансабҳои муҳим ҳамчунон аз паси парда кишварро худаш идора мекард.

Дар эътирозҳои Қазоқистон дастикам 227 нафар кушта шуда, чанд ҳазори дигар захмӣ ва беш аз 10 ҳазор нафар дастгир гардиданд.

Тоқаев бо истифода аз ин эътирозҳо тавонист дасти то ин вақт хеле дарози Назарбоевро аз умури давлатӣ хеле кӯтоҳтар ва ӯро ба ҳошия танг кунад. Тоқаев аз ҷумла бисёре аз одамони Назарбоевро аз мансабҳои калидӣ берун андохт. Ҳамин тавр, ҳарсе домоди Назарбоев, аз ҷумла шавҳари Дориға Ғайрат Шарипбоев, ки роҳбарии ширкати бузурги “ҚазоқГаз” дар дасташ буд, аз мансабҳои худ истеъфо доданд. Тоқаев ҳамин тавр, ҷияни Назарбоев Самат Абишро ҳам аз мақоми муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ  озод кард. Самат Абиш дар ин мақом амалан ҳамчун “чашму гӯш” барои амакаш хидмат мекарду аз ному ӯ фаъолияти тамоми ниҳодҳои қудратиро раҳбарӣ мекард,

Бархе одамони ба Назарбоев наздик дар ҳукумат, аз ҷумла раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ Карим Масимов ва вазири дифоъ Мурат Бектанов нафақат барканор, балки ҳабс ҳам шуданд. Ва агар Бектанов танҳо ба беамалӣ дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи январ айбдор мешавад, Карим Масимов ва ду муовинашро ба хиёнат ба давлат, сӯиистифода аз мансаб ва кӯшиши ғасби базӯрии ҳукумат айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button