ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: БОЗДОШТИ ЯК ЗАНУ ЯК МАРД АЗ ТОҶИКИСТОН БО МАВОДИ МУХАДДИР

Хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Волгогради Русия рӯзи 24 феврал аз боздошти як ҷавонзану як ҷавонмарди зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддири синтетикӣ , яъне сунъӣ, хабар дод. Аз онҳо 200 грамм метадон пайдо кардаанд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки “кормандони пулис дар посгоҳи ДПС дар ноҳияи Городишенский як мошини рангаш сафедро, ки аз сӯи як зани 31-солаи шаҳрванди Тоҷикистон идора мешуд, манъ карданд. Ҳангоми кофтукоб аз як марди 34-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин мошин ба ҳайси мусофир сафар мекард, бастаҳои пур аз хокаи шубҳабарангезро пайдо карданд. Ташхис нишон дод, ки ӯ бо худ 200 грамм маводи мухаддир и навъи метадон доштааст. Муайян карда шуд, ки зану марди боздоштшуда вазифаи курер, яъне расонандаи борро иҷро мекарданд ва барои фурӯши ин маводи мухаддир ба шаҳри Волгоград раҳсипор буданд.”

Нисбат ба ин зану мард бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми панҷуми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қасди қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Қисми панҷуми моддаи 228.1 барои қочоқбарони маводи мухаддир сахттарин ҷазоҳо: аз 15 то 20 соли зиндон ва ҳатто зиндони умрбодро пешбинӣ мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Беш аз 7 ҳазор зодаи Тоҷикистон  дар Русия дар маҳбас ё боздоштгоҳҳо дар паси панҷара қарор доранд. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки онҳо бо иттиҳомоти марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Вале зодагони Тоҷикистон дар Русия бештар бо  маводи мухаддири “афғонӣ” (ҳероин, ҳашиш ё афюн) ба даст меафтанд. Мавридҳои ба даст афтодани шаҳрвандони Тоҷикистон бо маводи мухаддири сунъӣ ё синтетикӣ, чун ин марду зане, ки дар Волгоград ба даст афтоданд, ангуштшумор аст, вале гоҳ–гоҳе рӯй медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button