ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

РЕПОРТАЖИ ЯК ТОҶИК АЗ МАЙДОНИ ҶАНГИ РУСИЯВУ УКРАИНА (ВИДЕО)

Субҳи 24 феврал нирӯҳои мусаллаҳи Русия вориди қаламрави Украина шуда, ба чандин шаҳру минтақаи ин кишвар ҳамла карданд. Артиши Украина низ ба артиши Русия муқовимат нишон дод ва байни нирӯҳои ду кишвар дар давоми рӯзи 24 феврал чандин задухӯрд сурат гирифт ва мутаассифона, аз ҳарду тараф сарбозон, аксар ҷавонони навхати аз гирудори дунё ва кашмакашҳои сиёсии замона бехабар куштаву захмӣ шуданд.

Дар яке аз чатҳои украинӣ видеорепортаж аз яке аз майдонҳои ҷангҳои рӯзи 24 феврал аз атрофи шаҳри Харков ба забони тоҷикӣ нашр шудааст.

Дар  ин навор як марди тоҷик аз майдони ҷанг қисса мекунад, ки чӣ гуна нирӯҳои артиши Русия талош карданд, ки вориди Харков шаванд, вале нирӯҳои Украина, ки дар роҳи ҳаракати онҳо камин гирифта буданд, бо як ҳамлаи ғафлатгир нирӯҳои Русияро шикаст дода, чанд техникаи ҷангии онҳоро аз байн бурдаанд.

Яке аз шоҳидон ба ин ҷавони тоҷик нақл мекунад, ки чанд сарбози Русияро асир ҳам гирифтанд, вале азбаски ҳама ҷавонони навхату аз дунё бехабар буданд, ҳамаашро ҷавоб доданд.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар муяссар нашуд, вале Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина рӯзи 24 феврал гуфт, дар ин кишвар чанд ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд ва ҳоло сафорат ҳамаи шаҳрвандони тоҷикро рӯйхат карда истодааст, то дар сурати зарурат ва боз ҳам бадтар шудани вазъият кӯчондани онҳоро аз ин кишвари ҷангзада таъмин кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 24 феврал аз шаҳрвандони тоҷике, ки дар Украина қарор доранд, хост, то муқаррароти ҷорӣ шуда дар вазъияти ҳарбӣ дар ин кишварро риоя кунанд ва бидуни зарурати оҷил аз хона набароянд.

Ёдовар мешавем, соати панҷи субҳи 24 феврал президенти Русия Владимир Путин аз оғози амалиёти ҳарбӣ дар Украина хабар дод. Баробар бо суханронии Путин нирӯҳои артиши Русия аз самти Донбасс ва Беларус вориди хоки Украина шуданд ва дар бораи мавриди бомбборон қарор гирифтани як силсила иншооти ҳарбӣ ва фурудгоҳҳо аз шаҳрҳои гуногуни Украина хабарҳо ба даст мерасанд. Президенти Украина Владимир Зеленский дар кишвар вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард ва гуфт, артиши Украина омода аст, ки ба ҳамлаи Русия муқовимат нишон диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button