ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ПУТИН БА ЗИДДИ УКРАИНА ҶАНГ ЭЪЛОН КАРД (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин ба зидди Украина ҷанг эълон кард. Соати панҷи субҳи 24 феврал ба вақти Маскав шабакаҳои телевизионии Русия муроҷиатномаи ӯро нашр карданд. Путин дар ин паёми худ аз шурӯи рӯёрӯии ҳарбии артиши Русия бо артиши Украина  ва “гузарондани амалиёти ҳарбии вижа” дар Украина хабар дод.

Путин паймони ҳарбии НАТОро айбдор кард, ки “дар қаламрави атрофи мо, дар сарзаминҳои таърихии мо “АнтиРусия” сохта истодаанд”.

Путин гуфт, “ба мо имкони дигаре ба ҷуз аз ҳимоят аз Русияро боқӣ нагузоштанд ва мо имрӯз аз ин истифода мебарем. Бар асоси моддаи 51 Ойинномаи Созмони Милал бо иҷозати Шӯрои Федератсия ман дар бораи гузарондани амалиёти махсуси ҳарбӣ қарор қабул кардам”.

Путин кишварҳои Ғарб ва НАТОро аз ҳар навъ кӯшиши мудохила дар ин ҷанги Русия ба зидди Украина ҳушдор дод ва гуфт, “агар онҳо дахолат кунанд, бо паёмадҳое рӯбарӯ хоҳанд шуд, ки дар тӯли таърихи худ боре ҳам дучор нашуда буданд”.

Баробар бо нашри муроҷиатномаи Путин дар бораи таркишҳо дар минтақаҳо ва шаҳрҳои гуногуни Украина  хабарҳо ба даст расида, Хадамоти марзбонии Украина расман тасдиқ кард, ки нирӯҳои артиши Русия ҳам аз самти Донбасс ва ҳам аз марзи Беларус вориди хок Украина шудаанд.

Сокинон дар бораи мавриди ҳамла қарор гирифтани иншооти ҳарбии Украина, афзоиши тирпарронӣ аз самти Донбасс ва ҳамчунин дар бораи таркишҳо дар Киев, Киев, Харков, Одесса, Краматорск, Бердянск хабар медиҳанд.

Аз ҷумла дар Одесса як таркиши сангин рух дода, дар Киев сокинон дар минтақаҳои Позняков ва Троешина шоҳиди таркишҳо шудаанд. Шоҳидон дар бораи бомбборон шудани фурудгоҳи шаҳри Лутск дар марзи Украина бо Беларус хабар медиҳанд.

Украина дар пайи оғози тирпаррониҳо ҳарими ҳавоияшро баст.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар тамоми қаламрави кишвар вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард ва тасдиқ кард, ки Русия ба иншооти ҳарбию марзбонии Украина ҳамла кардааст. Зеленский гуфт, иқдоми Путин барои ҷанг бо Украина метавонад оғози як ҷанги густарда дар қораи Аврупо шавад.

Зеленский дар муроҷиатномаи пурэҳсосаш хитоб ба мардум гуфт: “Ман аз ҳамаи шаҳрвандони Украина даъват мекунам, ки дар хонаҳояшон бимонанд. Артиш кор карда истодааст. Мо кор карда истодаем. Ба таҳлука дода нашавед. Мо қавием, мо ба ҳама чиз тайёрем. Мо ғалаба хоҳем кард.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button