ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

НАЗАРЗОДА – БА БАДАХШОНУ ҲАМИДЗОДА – БА ДУШАНБЕ: 18 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ РОҲБАРИИ ВКД (НОМ БА НОМ, 4 АКС)

Рӯзи 24 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои баланд дар сохторҳои ВКД таъйин шуданд, мулоқот кард ва аз онҳо хост, “поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед!”

Хадамоти матбуоти президент гуфт, дар мувофиқа бо президент сардорони раёсату шуъбаҳои милитсияи шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритӯс, Файзобод, Нуробод ва дар сохторҳои марказии ВКД “аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд” таъин гардиданд. 

Аз ҷумла Шариф Назарзода, ки то имрӯз сардори милитсияи пойтахт буд, сардори РВКД вилояти Бадахшон ва раҳбари ҳамакнун собиқи милитсияи ин вилоят Рустам Мирзомуродзода муовини сардори Воҳиди махсуси ВКД таъйин шуда, Бароталӣ Ҳамидзода аз мақоми муовини вазир барканор ва ба ҷои Назарзода сардори РВКД Душанбе таъйин шудааст. Шариф Назарзода дар ҳоле ба Бадахшон фиристода шуд, ки вазъи ин вилоят инак се моҳ боз даврони мушкилу пуртанишеро паси сар мекунад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯйхатти 18 нафареро, ки рӯзи 24 феврал дар сохторҳои ин вазорат ба вазифаҳои нав таъйин шуданд, нашр кард:

-генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе;
-генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ;
-полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон;
-генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода Искандар ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар наклиёт;
-генерал-майори милитсия Солиев Карим Хоҷиевич ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД;
-генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фотеҳ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб;
-генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам ба вазифаи муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва Меҳмонони Олиқадр;
-полковники милитсия Ҷабборзода Холмурод Холбобо ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД;
-полковники милитсия Туразода Нуралишоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
-полковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод;
-полковники милитсия Сайфзода Самад Мадамон ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд;
-полковники хизмати дохилӣ Амиршозода Шодихон Сафарали ба вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара»;
-полковники милитсия Саидзода Комилҷон Сафар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод;
-подполковники милитсия Ҷолизода Рушон Шоали ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;
-подполковники милитсия Ғафорзода Абдураҳим Маҳмадсаид ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Вхши вилояти Хатлон;
-подполковники милитсия Абдусамадзода Суҳроб Абдусамад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;
-подполковники милитсия Хайруллозода Қурбон Саттор ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;
-майори милитсия Тоҳирзода Рустам Тоҳир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъйин гардиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button