ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶанг дар Украина

МУРОҶИАТ БА ТОҶИКҲОЕ, КИ ДАР УКРАИНА ҚАРОР ДОРАНД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, муроҷиат карда, гуфт: “Бино бар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.”

Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, соати панҷи субҳи 24 феврал президенти Русия Владимир Путин аз оғози амалиёти ҳарбӣ дар Украина хабар дод. Баробар бо суханронии Путин нирӯҳои артиши Русия аз самти Донбасс ва Беларус вориди хоки Украина шуданд ва дар бораи мавриди бомбборон қарор гирифтани як силсила иншооти ҳарбӣ ва фурудгоҳҳо аз шаҳрҳои гуногуни Украина хабарҳо ба даст мерасанд. Президенти Украина Владимир Зеленский дар кишвар вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард ва гуфт, артиши Украина омода аст, ки ба ҳамлаи Русия муқовимат нишон диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button