ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

160 ҲАЗОРРО ГИРИФТУ ХОНААТ МЕДИҲАМ ГУФТ, ВАЛЕ…

Mарди 47-солаи сокини Душанбе  ба он гумонбар мешавад, ки моҳи  апрели соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-солаи сокини пойтахт  даромада, аз ӯ 160 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навбунёди ширкати “Аюб-2010” барояш хона гирифта медиҳад, аммо  то ҳол занро фиреб дода гаштааст. Вақтҳои охир чунин мавридҳои қаллобӣ дар харидуфурӯши хонаҳо дар Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон хеле зиёд шудаастю

ххххххххххххххх

Сокини 43-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 15 январ аз хонаи сокини 59-солаи ин ноҳияи ба маблағи 7200 сомонӣ масолеҳи сохтмониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 24 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағ аз зани 47-сола

037

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 47-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 20-уми апрели соли 2021, марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 160 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмони ҶДММ “Аюб-2010” хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 51,36-метри мураббаъ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

032

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадони бо ариза марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми январи соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо маҳсулоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир гардида, нисбаташ бо моддаи 244 қисми 2, бандҳои “а”, “в”, “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button