ВидеоИқтисодҶанг дар Украина

128-129: ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ҲАМ БЕШТАР БА ЗАМИН ЗАД

Дар пайи шурӯи ҷанги Русия бо Украина, қурби рубли русӣ башиддат пойин рафт ва рӯзи 24 феврал дар биржа то ба ҳадди 88 рубл ва дар саррофиҳо ҳатто то ба 99 рубл барои як доллар расид. Як рӯз қабл як доллар 79 рубл арзиш дошт. Нимарӯзии 24 феврал қурби рубл як андоза мавқеъҳои дар соатҳои аввали рӯз аздастдодаашро каме барқарор кард ва дар ҳадди 84 рубл қарор гирифт. Вале коршиносон бар инанд, ки дар сурати идомаи буҳрон ва бахусус оғози ҷангҳои мустақим байни артишҳои Русия ва Украина, қурби рубл боз ҳам бо шиддати бештаре ба замин хоҳад зад.

Қурби рубли русӣ дар пасманзари буҳрони Украина инак се рӯз боз паиҳам дар Тоҷикистон башиддат фурӯ рафта истодааст. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 24 феврал қурби расмии рублро бетағйир: 141 сомонию 60 дирам барои 1000 рубл нигоҳ доштааст, вале сокинон ва масъулони бонкҳо мегӯянд, ки дар бонкҳои Тоҷикистон 1000 рубли русиро  бо қурби дар солҳои охир бесобиқаи 128–129 сомонӣ иваз карда истодаанд.

Ба ин тартиб, рубл дар се рӯзи охир дар бозори Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ тақрибан 15 фоизи қурбашро аз даст дод. Ёдовар мешавем, рӯзи 21 феврал, пеш аз онки президенти Русия Владимир Путин вилоятҳои Донетску Луҳанскро эътироф кард, 1000 рубли русӣ дар Тоҷикистон 149 сомонӣ қурб дошт, рӯзи 22 феврал қурбаш то 144 сомонӣ барои 1000 рубл пойин фаромад ва рӯзи 23 феврал алакай то ба ҳадди 141 сомонию 60 дирам афтид.

Ин дар ҳолест, ки қурби расмии доллару евро дар Тоҷикистон тақрибан бетағйир боқӣ монда, рӯзи 24 феврал як доллар 11 сомонию 30 дирам ва як евро 12 сомонию 81 дирам арзиш дошт. Қурби гривна, пули миллии Украина ҳам ҳатто баъди эълони ҷанг ба зидди ин кишвар, тақрибан тағйир наёфт ва рӯзи 24 феврал Бонки миллии Тоҷикистон қурби гривнаро 385, 4 сомонӣ барои 1000 гривна муқаррар кардааст. Ёдовар мешавем, рӯзи 21 феврал 1000 гривна, тибқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикисстон, 398 сомонию 90 дирам арзиш дошт, рӯзи 23 феврал бошад – 390  сомонию 70 дирам.

Уфти қурби рубл бахусус ба сатҳи даромади муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, ки беш аз як миллионаш дар Русия кор мекунанд,  ва ҳамчунин ба он хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгораш пулҳои фиристодаи азизони муҳоҷирашон аз Русия аст, зарбаи ҷиддӣ мезанад.

Ҳанӯз то эътирофи минтақаҳои ҷудоиталаби Украина агентии эътиборсанҷии иқтисодию молиявии Moody’s пешбинӣ карда буд, ки таҳримоти нав ба зидди Русия аз ҳама сахт ба иқтисоди он кишварҳои СНГ, ки аз Русия вобастагии зиёд доранд, аз ҷумла ба иқтисоди Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдова ва Арманистон, зарба хоҳад зад.

Moody’s гуфт, дар қиболи таҳримоти зидди Русия аз ҳама осебпазир Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари муҳоҷирфирист ба шумор мераванд, чунки ҳаҷми даромад ва табъан ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷиронашон аз Русия хеле кам мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button