ВидеоНуқтаи назарЧеҳраҳоҶомеа

АВВАЛИН ГЕНЕРАЛЗАНИ ТОҶИК САОДАТ АМИРШОЕВА: МАН ЗИДДИ ШАВҲАРИ ХОРИҶӢ КАРДАНИ ДУХТАРИ ТОҶИКАМ!

Саодат Амиршоева, аввалин генералзани тоҷик, ки ҳанӯз соли 1999 соҳиби унвони мушовири давлатии адлияи дараҷаи III шуда буд,  дар мусоҳибаи ихтисосие бо  “Азия Плюс” гуфт, зидди ба хориҷиён ба шавҳар баромадани духтарони тоҷик аст. Ба ақидаи генерал Амиршоева, занону духтарони тоҷик ба хотири сарвату пул шавҳари хориҷӣ мекунанд, вале ин “барои ояндаи миллат хатарнок аст”. Саодат Амиршоева, ки 68 сол дорад, қаблан сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон ва вакили парлумон буд ва баъди бознишаста шудан ҳамчун адвокат фаъолият дорад. Ӯ дар замони дар вилояти Хатлон кор карданаш ҳам гуфта буд, ки “то вақте ки дар сари вазифаам ба ягон никоҳи занону духтарони тоҷик бо хитоиҳо иҷозат намедиҳам.”

“Ман ҳоло ҳам зидди шавҳар кардани духтари тоҷик бо хориҷиён ҳастам. Ин кор ба хотири сарвату маблағ мешавад, вале барои ояндаи миллат хатарнок аст. Масалан, агар имрӯз сад духтари тоҷик шавҳари чинӣ кунад, фардо сад фарзанди чинӣ таваллуд мешавад ва аниқ аст, ки чиноӣ фарзандашро тоҷик намегузаронад. Маълум мешавад, ки дар як сол дар Тоҷикистон сад чинӣ зиёд шуд. Баъди 50 сол дар ин ҷо аз тоҷик ному нишон намемонад. Мо бояд духтаронамонро дуруст тарбият кунем, ки ба чунин роҳҳо наравад. Духтарони тоҷик шарафу номуси моянд”, гуфтааст Саодат Амиршоева дар суҳбат бо “Азия Плюс”.

Аммо дар посух ба ин суол, ки чаро замони вакили Маҷлиси намояндагон буданаш пешниҳоди манъи никоҳ бо хориҷиёнро ба парлумон пешниҳод ва қонунӣ накард, Саодат Амиршоева эътироф кард, ки ин пешниҳод қабул намешуд: “Агар ин пешниҳодро ба парлумон манзур мекардам, қабул намешуд, чунки он хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст. Дар қонунҳои байналмилалӣ озодии никоҳи байни мардум кафолат дода шудааст”.

Яке дигар аз ташаббусҳои пурсарусадои даврони вакилии Саодат Амиршоева манъи никоҳҳои хешутаборӣ буд, ки як қисми ҷомиа аз он пуштибонӣ мекунад, вале қисми дигар то ҳол норозианд. Бар асоси тарҳи нави Кодекси оила ва никоҳ, ҳоло дар Тоҷикистон никоҳ бо фарзандони амаку амма ва холаю тағо манъ карда шудааст.

Саодат Амиршоева мегӯяд, гузашти вақт нишон дод, ки манъи никоҳҳои хешу таборӣ тасмими дуруст буд: “Соли 2012 буд ва вақте ба шӯрои парлумон пешниҳод кардам ду – се нафар зид баромаданд. Вале ман пас нагаштам, бо ишора ба баъзеи онҳо гуфтам, ки ин чиз байни мансабдорону сарватмандон зиёд аст ва ҳоло бархе онҳо шарм мекунанд ва метарсанд, ки ин масъала қабул шавад. Ба гузашта салавот, касе дигар онҳоро гунаҳкор намекунад, қонун қувваи бозгашт надорад. Аммо ояндаи миллатро бояд наҷот дод ва тавре бояд амал кард, ки тоҷик дигар фарзанди маъюб таваллуд накунад. Дар акси ҳол, фарзандони маъюби онҳо ба гардани давлат меафтад. Бисёр тунд рафта будам ва ҳатто муллоҳо ба сарам хестанд. Баъдан, аз ҷониби раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш шуд, ки дар байни мардум кор кунед, пешниҳоди мардумро гӯш карда, баъд қонунро қабул кунед.

 Мо таҷрибаи дигар кишварҳоро дар робита ба ин масъала баррасӣ кардем. Бояд пеш аз ҳама ояндаи солимии фарзандонамонро фикр кунем. Хушбахтӣ ва тансиҳатии фарзандонамонро фикр кунем. Як фарзанд маъюб таваллуд шавад, тамоми оила дар ғаму ғусса мемонанд.Пайғамбарамон Муҳаммад (с) ҳам мегӯянд, ки “Бо бегонагон хеш шавед, то қавматон зиёд шавад”.

Маълум шуд ки ҳатто дар Ӯзбекистони ҳамсоя чунин қонуне ҳаст. Баъди ин маълум кардем, ки ҳанӯз соли 1998 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4, вақте ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташриф меорад, аҳолиро насиҳат мекунад, ки хешу табори якдигарро нагиранд. Воқеан, баъди ин дар ВМКБ никоҳи хешутаборӣ хеле кам ба назар мерасид”.

Саодат Амиршоева 10 ноябри соли 1953 дар деҳаи Парнаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, соли 1978 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1972-75 нотариуси давлатии Идораи 2-юми нотариалии ш. Душанбе ва сипас ба ҳайси сарнотариус дар Идораи 1-уми нотариалии ш. Кӯлоб кор карда, солҳои 1987-93  судяи суди халқии шаҳри Кӯлоб  ва аз соли 1993 то 2008 сардори идораи адлияи вилояти Хатлон буд. Аз соли 2008 то 2015 Саодат Амиршоева вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Феълан дар нафақа қарор дошта, ҳамчун адвокат фаъолият мекунад. Ду сол пеш ӯ аз ҷумла ҳимояти хоҳарзодааш Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гулро бар дӯш гирифта буд.

Матни пурраи мусоҳибаи Саодат Амиршоева инҷост:

Генерал Саодат Амиршоева: “Хидмати пулакӣ роҳи баромадан аз мушкил нест”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button