ВидеоМуҳоҷирон

ТОҶИКЕ, КИ ДАР ЯК ТӮЙ ДАР ПЕТЕРБУРГ ТИРПАРРОНӢ КАРД, АЗ БОЗДОШТ ОЗОД ШУД (ВИДЕО)

Нашрияи “Фонтанка” хабар дод, ки мақомоти додситонӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як марди 35-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки тирпарронӣ дар як тӯй айбдор мешуд, озод карда, парвандаи ӯро бастаанд. Як рӯз пеш ба зидди ин марди шоми 20 феврал дастгиршуда бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушода буданд.

“Фонтанка” видеои кӯтоҳи ин мардро баъди раҳоияш аз боздошт нашр кард. Дар ин видео марди тоҷик ба додситонӣ барои бастани парвандааш изҳори сипос мекунад.

Ин марди зодаи Тоҷикистонро шоми 20 феврал дар Санкт-Петербург дар пайи тирпарронӣ аз тирезаи мошини тамғаи Nissan Almera дастгир карданд. Видеои ин тирпарронӣ ва бозпурсии ӯро рӯзи 21 феврал  пулиси пойтахти шимолии Русия нашр кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти РВКД шаҳри  Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, шаби 20 ба 21 феврал як шоҳиди ҳодиса ба пулис занг зада, хабар додааст, ки аз тирезаи як мошин, ки тавассути Синопская набережнаям ба самти Обводной канал ҳаракат мекард, аз як олати монанд ба пистолет тирпарронӣ кардаанд.

Барои боздошти қонуншиканҳо амалиёти “Перехват” ба роҳ андохта шуд ва мошинро кормандони пулис дар кӯчаи Салов, дар назди бинои №150 пайдо карданд.

“Ду шаҳрванди яке аз кишварҳои хориҷаи наздик, ки яке 25 ва дуюмӣ 31 сол доштанд, ба кормандони пулис иқрор карданд, ки ҳангоми таҷлили тӯй як шиноси онҳо аз дохили мошин тир парронд, вале ӯ дар роҳ дар назди истгоҳи метрои “Ломоносовска” фаромад. Кормандони пулис пистолетро аз дохили мошин ёфта, барои ташхис фиристоданд. Экипажи ДПС бо изи гарм худи гумонбаршавандаро ҳам, ки 35 сол дорад, дастгир кард”, – гуфта мешуд дар иттилоияи пулиси Санкт-Петербург.

Марди дастгиршуда зимни бозпурсии аввалаш гуфт, аз кори кардааш пушаймон шудааст. Ӯ дар шарҳи тирпаррониаш гуфт, ки мехост бо ин роҳ анъанаҳои тӯёнаро риоя кунад. Вале анъанаи тирпароно дар рӯзи тӯй бештар хоси мардумони Қафқози шимолист, на Осиёи Марказӣ.

Нисбат ба ин зодаи Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз ним миллион то як миллион рубл ваё корҳои ислоҳӣ ба муддати то 5 сол ваё аз 3 то 7 соли зиндон таҳдид мекард. Вале, хушбахтона, ин қазия ба хушӣ анҷомид ва додситонӣ парвандаи зидди ин зодаи Тоҷикистонро баст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button