ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

САФИРИ АМРИКО: ПУТИН ДАЪВОИ ҲАМАИ ЗАМИНҲОИ ИМПЕРИЯИ РУСИЯ, АЗ ҶУМЛА ДАЪВОИ ХОКИ ТОҶИКИСТОНРО ДОРАД (ВИДЕО)

Намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт, Русия бо эътирофи ба номи “ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск” бе ягон далел ба истиқлол ва якпорчагии Украина таҷовуз кард.  Томас-Гринфилд мӯътақид аст, ки президенти кунунии Русия Владимир Путин  даъвои дигарбора зери чатри Маскав ҷамъ овардани тамоми сарзаминҳои собиқ империяи Русияро дар сар дорад.

“Президент Путин иддао дорад, ки Русия имрӯз ба тамоми қаламрави империяи Русия ҳаққи комил дорад. Он империяе, ки то Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳанӯз 100 сол пеш вуҷуд дошт “, – изҳор дошт дипломати амрикоӣ.

“Ин тамоми қаламрави Украинаро дар бар мегирад, Финляндияро, Беларусро дар бар мегирад, Гурҷистонро, Молдоваро, Қазоқистону Қирғизистоне, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад. Лива, Латвия ва Эстонияро ҳам. Ин ҳамчунин як қисми Полша ва Туркияро ҳам дар бар мегирад “, – нақли қавл кардааст аз Линда Томас-Гринфилд хабаргузории расмии Русия ТАСС.

“Амалан, – афзуд хонум Томас-Гринфилд, – Путин мехоҳад, ки ҷаҳон ба ақиб, ба давроне баргардад, ки Созмони Милал ҳанӯз вуҷуд надошт ва ҷаҳонро империяҳо идора мекарданд. Вале ҳоло соли 2022 аст, соли 1919 нест ва ҷаҳон хеле пештар рафтааст. Созмони Милал дар заминаи раҳоии кишварҳо аз мустамликадорӣ бино шуда буд, на барои дубора ба мустамлика табдил додани онҳо”.

Сафири Амрико иқдомҳои Маскавро фалокатбор номида гуфт, паёмадҳои он дар паҳнои хеле фаротар аз танҳо як Украина эҳсос хошанд шуд. Ӯ гуфт, Русия бо рафтори худ меъёрҳои аслии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милалро ба чолиш кашидааст. Ӯ хабар дод, ки Амрико алакай рӯзи 22 феврал ба зидди Русия сангинтарин таҳримот ҷорӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳангоми пахши мустақими телевизионӣ фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, ду минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро имзо кард. Путин дар паёмаш бори дигар Украинаро як давлати бо роҳи сунъӣ аз ҷониби асосгузори СССР Владимир Ленин сохташуда номид ва гуфт, Украинаро як режими лӯхтакии таҳти назорати  қудратҳои ғарбӣ ва олигархҳои маҳаллӣ идора мекунад.

Ҷолиб он аст, ки бархе роҳбарони аввали Русия то мулоқот бо Путин ҳатто намедонистанд, ки мақсади ӯ чист? Барои мисол, Сергей Наришкин дар аввал ҳатто гуфт, “аз ҳамроҳ кардани Луҳанску Донетск ба қаламрави Русия пуштибонӣ мекунад”. Путин маҷбур шуд, ӯро ислоҳ кунад, ки сухан танҳо дар бораи ба расмият шинохтани онҳо меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button