ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН ҲАР РӮЗИ ХИДМАТИ ҲАРБӢ ДАР БОДКАНДРО ДУ РӮЗ ҲИСОБ МЕКУНАД

Мақомоти Қирғизистон ҳар рӯзи хидмати ҳарбӣ дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодкандро ду рӯз ҳисоб мекунанд. Зоҳиран ҳадаф аз ин иқдом ҷалби  ихтиёриён барои адои хидмат дар ин минтақаи пурнизоъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон аст.

Раиси кобинаи вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 22 феврал дар ҷаласаи сайёри ҳукуматаш дар Бодканд гуфт, “қарор қабул кардем, ки ҳар моҳи хидмат дар Бодкандро ду моҳ ҳисоб кунем”.  Раҳбари ҳукумати Қирғизистон гуфт, соли 2021 барои артиши ин кишвар як соли пурчолиш буд ва дар айни замон соли тағйироти ҷиддӣ буд. Ӯ гуфт, тайи соли гузашта онҳо барои нирӯҳои ҳарбии худ мошинҳои ҷангии муосир хариданд ва аз моҳи майи соли 2021 маоши марзбонҳо ва ҳарбиёнро 50-70% боло бурда, аз моҳи январи соли ҷорӣ маоши кормандонии МЧС ва департаменти муҳофизат ва конвойро низ 50-70%  боло бурданд.

 “Вилояти Бодканд ин танҳо маркази муноқишаҳои марзӣ нест, балки сарзаминест, ки ба мардум ватандӯстӣ, мардонагӣ ва ҷасоратро таълим медиҳанд. Бодканд ин сарзамини истиқлоли сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии мост. Ин минтақаест, ки якпорчагии Ҷумҳурии Қирғизистонро таҷассум мекунад”, – изҳор дошт Оқилбек Ҷабборов.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Он вақт ҷониби Тоҷикистон аз ҳалокати 19 нафар ва ҷароҳат бардоштани 87 каси дигар хабар дод ва ҷониби Қирғизистон  аз ҳалокати 36 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 150 тани дигар.

28 январи соли 2022 дар як муноқишаи дигар дар марзи Исфара бо Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, аз ду тараф 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button