ВидеоТаърихЧеҳраҳо

ҚАҲРАМОНИ (МАНФӢ Ё МУСБАТИ) ДАВРОНИ МО: АДОЛАТ РАҲМОНОВА БА СИННИ 75 РАСИД

Адолат Раҳмонова, яке аз сиёсатмадорони барҷаста ва дар айни замон зиддунақизи Тоҷикистони солҳои 90, 22 феврали соли 2022 ба синни 75 расид.

Адолат Раҳмонова 22 феврали соли 1947  дар деҳаи Этаркаи ноҳияи Данғара дар оилаи як колхозчии оддӣ ба дунё омада, соли 1969 риштаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Моҳи марти соли 1969, вақте дар соли охири донишгоҳ таҳсил мекард, ба Шариф Ҷумъаев, зодаи деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, ки як сол болотар аз Адолат дар риштаи геологияи ДДТ таҳсил мекард, издивоҷ кард.

Азбаски шавҳарашро барои кор ба як экспедитсияи геологӣ ба ноҳияи Восеъ фиристоданд, Адолат Раҳмонова низ ба ин ноҳия рафт ва собиқаи кориашро ҳамчун муаллимаи фанни химия ва биология дар мактаби №1 ноҳияи Восеъ сар кард. Аммо роҳбарони комитети комсомоли ин ноҳия як суханронии Адолат Раҳмонова дар маҷлиси падару модарон дар мавзӯи тарбияи маънавии кӯдаконро шунида, ӯро соли 1971 ба ҳайси мудири шуъбаи мактабҳо ба кумитаи ноҳиявии комсомол (ЛКСМ) даъват карданд. Адолат Раҳмонова то соли 1977 шаш сол дар комсомоли ноҳияи Восеъ кор кард ва ба тадриҷ котиб, котиби дуюм ва дар ниҳоят то ба мақоми котиби якуми кумитаи ноҳиявии комсомол расид.

Соли 1977 Адолат Раҳмоноваро барои таҳсил ба Мактаби олии КПСС фиристоданд ва баъди бозгашт ӯ дар кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист ба кор пардохта, баъдан муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Восеъ ва сипас котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) шуд.

Адолат Раҳмонова солҳои 1983-1990  котиби  якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ленинград (ҳоло Мӯъминобод) ва аз соли 1991 котиби якуми ҳизб дар ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Адолат Раҳмонова вакили Шӯрои олӣ – парлумони онвақтаи Тоҷикистон интихоб шуд ва маҳз дар парлумон тавассути суханрониҳои оташинаш дар байни мардум машҳур шуд. Ӯ  он вақтҳо тарафдори сарсахти ақидаҳои коммунистӣ ва мухолифи низ сарсахти эътилофи ҳизбҳои исломию демократӣ буд, ки қудрати дар тӯли даҳсолаҳо мутлақи ҳизби коммунистро ба чолиш кашида буданд.  Ин давраи ҳаёти Адолат Раҳмонова дар таърих нақши зиддунақизе аз худ ба ҷо гузоштааст: Бархе аз ӯ то ҳол барои мавқеи оштинопазираш дар он солҳо ситоиш мекунанд, вале гуруҳи дигар баракс бадаш мебинанд ва бар инанд, ки маҳз сиёсатмадороне, чун Адолат Раҳмонова, сабабгори ба ботлоқи ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафтани Тоҷикистон шуданд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, бар хилофи интизорот Адолат Раҳмонова дар ҳукумати нав ягон мансаби баланде ба даст наовард: як муддат раҳбари шуъбаи комбинати қолинбофӣ дар Данғара буд, ки ба шарафи ӯ “Адолат” номаш монда буданд. Баъдан як муддат муовини вазири саноат буд ва соҳаи саноати сабукро раҳбарӣ мекард.

Адолат Раҳмонова 4 духтар дорад, ки солҳои 70 дар давраи кораш дар комсомоли ноҳияи Восеъ ба дунё омадаанд.  Аз фарзандонаш Лутфия роҳи модарро пеш гирифта, ходими давлатӣ шуд ва то ба мақоми муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод расид. Матлуба табиб шуд ва як муддат муовини сартабиби вилояти Суғд буд. Ду духтари дигараш Гулҷаҳон ва Мавҷуда низ маълумоти олӣ гирифтанд, вале дар зиндагиашон ба тарбияи фарзандону наберагон бартарӣ доданд.

Дар як мусоҳибааш бо нашрияи «Народная газета», Адолат Раҳмонова нақл карда буд, ки бо вуҷуди мансабҳои баланд, дасташ ба кору бори хона ҳам мерасид:  “Таъриф нашавад, вале ба ҳама кор дастам мерасид: ҳам ба кори давлат, ҳам ба тарбияи духтаронам. Ба кору бори хона ҳам сари вақт мерасидам: Хӯроки гарм барои шавҳарам ҳамеша тайёр буд ва куртаҳояш низ ҳамеша сари вақт мешустаму утӣ мекардам!”.

Ҳатто ягон мансаби баланд натавонист пояҳои муҳаббати ӯ ба шавҳарашро заиф бисозад. Ҳарчанд Адолат Раҳмоноваро ба кор мошини хидматӣ мебурду шавҳараш, ки як коргари оддӣ буд, пои пиёда ба кор мерафту меомад.  Солҳои охири зиндагиаш бошад, шавҳари Адолат Раҳмонова бемори бистарӣ буд. Адолат Раҳмонова  он рӯзҳоро чунин ба ёд меорад: “Беш аз 6 сол ман шавҳари беморамро нигоҳубин кардам. Ҳамеша сарулибосаш ва танаш тозаву озода буд. Мо бо фарзандону наберагон дар сари бистари ӯ навбатдорӣ ташкил карда будем ва ҳар чизе, ки дилаш мехост, ба ҷо меовардем.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button